Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Сурхи Қофар ва Самак ба шаҳр омадаанд, то рози ман ошкор шавад. Зуд Гулбаҳорро пеши ман хон.
Доя ба сарои Гулбаҳор омад ва ӯро бихонд.
Аз он ҷониб, чун Рӯзафзун бирафт, Сурхи Қофар даромад мукобир, то чизе бар Самак бизанад, Самак ӯро бишинохт. Гуфт:
— Эй паҳлавон, мазан, ки манам Самаки айёр.
Сурхи Қофар ором гирифт ва даромаду ӯро дар канор гирифт. Самак пурсид, ки:
— Паҳлавон ба чӣ кор ба шаҳр омадааст?
Сурхи Қофар забон баркушод ва аҳволи шабехуни Арманшоҳ ва бурдани Маҳпарӣ бо лоло Салоҳ бигуфт.
Самак фурӯ монд. Гуфт:
— Шак накунам, ки ҳамон озодмард донад, ки ман ӯро гирифта будам. Чаро бигузоштам?
Сурхи Қофар гуфт:
— Шак накунам, ки ӯст. Моро ба сарои Гулбаҳор бояд рафт, то аҳвол боздонем, ки ин озодмард кист, ки ин ҷавонмардӣ ба ҷон мо мекунад.
Ҳар ду ба зери сарои Гулбаҳор омаданд. Самак каманд барандохт ва мӯҳкам кард. Сурхи Қофар гуфт:
— Ту ба болои бом даррав ва дар боз кун.
Самак ба болои бом баромад, касе надид. Биёмаду ва дар боз кард. Сурхи Қофар дар сарой шуд ва гирди сарой бармегашт. Гулбаҳорро надид. Самак бар вай офарин кард. Гуфт:
— Зиҳӣ озодмард, чун донист, ки мо талабкори ӯему Гулбаҳор, берун рафтанд. Чун туро дидааст, дарёфтааст.
Берун омаданд, ба сарои ду бародарони қассоб рафтанд ва дар сарои ду бародарони қассоб ҷойгоҳе буд, ки пинҳон шуданд, ки ҳеҷ кас надонистанд, дар он ҷо шуданд. Чун рӯз баромад, дигар бибуданд, то шаб даромад, Сурхи Қофару Самак берун омаданд. Сурхи Қофар гуфт:
— Ман ба мақоми худ меравам. Ту худро нигоҳ дор.
Ин бигуфтанд ва берун рафтанд.
Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло тақдир кард, ки Қонунро аз
духтар чизе дар дил омад. Дар сарой нишаста буд андешанок, ки Рӯзафзунро канизаке буд, кӯчак, хоназод,
1 Мукобир — ба маънии чолок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё