Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй духтар, ту аз мо будай, ин чӯб чаро бар ман задӣ?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, чунон мебоист.
Пас ҳар ду ба хоҳарӣ ӯро қабул карданд ва хостанд, ки бираванд, ки ногоҳ Конур ва Хотур ва панҷоҳ мард бирасиданд. Рӯзафзун ишонро бидид. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аввал аз худ дар хоҳем гирифтан, бародари худро куштам ва падарро аз миён бардорам, ки душмане азим аст.
Самак бо Сурхи Кофар ва Рӯзафзун даст бизаданд ва кордҳо баркашиданд ва пеши ишон бигирифтанд ва бонг барзаданд, ки:
— Эй фурӯмоягон, пиндоред, ки кас дар ҷаҳон нест, ки ҷавоби кори шумо боздиҳад.
Асас чун бидиданд, бо худ гуфтанд: «Ҳарб бояд кардан».— Худро бар ишон заданд, то ҳазор мард бар ишон барнаёмади. Сурхи Кофар даромаду Конупро бигирифт, ки Самаки айёр даромада буд ва Хотурро барбаста буд. Рӯзафзун мардонро ба корд меафканд. Ҳар се пушт бар пушт доданд ва ба як лаҳза бисту панҷ мардро бикуштанд ва боқӣ ба ҳазимат шуданд фарёдкунон.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй озодмардон, бибояд рафтан, ки дар шаҳр натавонем будан. Ҳам ин соат ғавғо барояд ва бо ғавғо касе барнаёяд ва ба ҳарза худро барбод натавон дод.
Самак гуфт:
— Куҷо равем.
Гуфт:
— Ба лашкаргоҳ.
Пас ҳар се рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Хотуру Конупро баста дар пеш карданд ва ба болои ҳисор баромаданд ва ишонро ба каманд фурӯ гузоштанд ва худ низ дар зер шуданд ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Чун бар канори лашкаргоҳ расиданд, рӯз равшан шуда буд ва Хуршедшоҳу Фағфур ба тахт баромада буданд. Паҳлавонони ҳозир, ки Самак аз дари боргоҳ даромад ва хидмат кард. Гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, ин шахсест, ки ба ҷон ману паҳлавонон он ҷавонмардиҳо кард. Пой дар пеши ҷумлаи ҷавонмардон ниҳодааст, агарчи духтар аст, дар боби мардӣ тамом аст; чунон ки ду навбат маро аз ҳалокат бираҳонид ва аз баҳри ман бародари худро бикушт. Па-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё