Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
серо куштанд дар пеши тахти Хуршедшоҳ. Ва ин кор духтари Қонун кард — Рӯзафзун, ки бо Самаку Сурхи Қофар ёр шудааст.
Паҳлавонон ва Шаҳрони вазиру Қизилмалик гуфтанд:
— Эй шоҳ, моро об аз ин чоҳ барнамеояд. Охир Самак на як мард аст? Аз дасти вай чӣ барояд?
Шоҳ дилтанг шуд ва гуфт:
— Ин ҳама кор шахсе бикунад ва касе бо вай барнаёяд?
Гуфтанд:
— Акнун пеш аз он ки ба сарои Қонун раванд ва чизе, ки бошад, бибаранд, кас бояд фиристодан.
Дарҳол панҷоҳ савор рӯй дар сарои Қонун оварданд.
Чун ба шаҳр омаданд, ғалаба дар шаҳр афтода буд, ки дӯш чанд мард асасро куштаанд ва Қонуну Хотуру Қофурро бурдаанд. Чун саворон дар сарои Қонун расиданд, Размиёрро диданд истода, аз баҳри падар дилтанг, ки саворон бирасиданд ва аҳвол бигуфтанд, ки Размиёр ҷома бидарид ва хок бар сар кард. Саворон дар сарой рафтанд, ҷумла бигаштанд, ҳеҷ набуд, аз баҳри он ки Рӯзафзун ҳама берун бурда буд. Размиёр бо саворон рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд. Пеши шоҳ рафтанд ва аҳвол бигуфтанд. Шоҳро аҷаб омад. Қизилмалик истода буд, фарёд баровард, гуфт:
— Эй падар, ҳеҷ русуми шоҳӣ надорӣ. Подшоҳӣ худ он бошад, ки фармон диҳанд ё хилъат бахшанд ё ганҷ ниҳанд? — Подшоҳӣ доду адлу сиёсат бошад, ки агар ҳар кас аз ишон мегирифтӣ, сиёсат мефармудӣ, ҳол бадин ҷой нарасида будӣ. Дигар панҷ тан аз ишон гирифтаем. Ба чӣ кор ояд? Бифармой, то биёранд ва сиёсат кунанд, ки чун ин кор бикунем, дигарон ибрат гиранд.
Арманшоҳ гуфт:
— Чунин кунем.
Шаҳрон гуфт:
— Киро фиристем, то ишонро биёваранд?
Шоҳ гуфт:
— Тайрок, ки ишонро бурдааст.
Тайрок хизмат кард ва гуфт:
— Фармонбардорам.
Шоҳ гуфт:
— Тартиб созу саҳаргоҳ бирав. Ангуштариву нома биситон бо дувист савор, ки набояд, ки дар роҳ хатар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё