Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Чун Рӯзафзун бедор шуд, дер буд. Ба таъҷил бор бар астарон ниҳод, ки парвони он надошт, ки дар ҷувол ва ангуштарӣ нигоҳ кардӣ. Чун ба талоя расид, гуфтанд:
— Куҷо меравӣ?
Гуфт:
— Ба шаҳр меравам, ки шароб оварам.
Аз талоягон баргузашт, то ба боргоҳи Хуршедшоҳ расид. Чун ба дари боргоҳ расид, пиёда гашт, рӯй бар замин ниҳод ва хизмат кард. Ва Самак пеш аз вай омада буд ва аҳвол шарҳ дода, ки Рӯзафзун чӣ кард.
Ва ҳамгинон бар вай офарин мекарданд.
Шоҳ Фағфур гуфт:
— Эй духтар, моро маълум карданд, ки дӯш чӣ мардиҳо кардӣ, биёвар то бинигарем.
Рӯзафзун берун омад ва ҷувол ба боргоҳ овард.
Даст кард, ки ангуштарӣ ва камар дароварад, сари гӯсфанд буд. Шоҳ бо ҷумлаи паҳлавонон дар ханда дарафтоданд. Рӯзафзун ҳиҷил шуд.
Шоҳ чун дид, ки ба тира 1 рафт... Самак гуфт:
— Эй хоҳар, чун ту бирафтӣ, ман аз дунболи ту биёмадам ва туро нигоҳ медоштам ва қавоми кори ту бармегирифтам.
Пас ҳар чӣ буд, шарҳ дод, то бад-он соат, ки бихуфт.
Гуфт:
— Эй шоҳ, он написандидам, ки касе коре чунин бикунад ва оқибат дар хоб равад, ки агар он ки ман дар қавоми ту будам, агар касе дигар будӣ, кори ту ба зиён омадӣ. Минбаъд дар корҳо ғофил мабош. Коре кардӣ, ки дар ҷаҳон ҳеҷ кас накард.
Ин бигуфт ва ангуштариву камар биниҳод. Ҳамгинон бихандиданд. Ҳар кас Рӯзафзунро меситуданд.
Аз он ҷониб Арманшоҳ бедор гашт, бо Шаҳрони вазиру Қизилмалик ва паҳлавонон ба боргоҳ омаданд.
Арманшоҳ ба тахт баромад. Талаби ангуштарӣ ва камар кард, наёфт. Тайрок биёмад ва ангуштарӣ бихост.
Арманшоҳ фарёд баровард, гуфт:
— Ҳар ҷо талаб кунед!
Талаб карданд, наёфтанд.
1 Тира — шармсорӣ, хиҷолат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё