Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аҳволи қалъаву Самак мепурсид, ки ногоҳ аз роҳи қалъа гарде пайдо шуд. Шоҳ нигоҳ кард. Савор ба наздик расид. Гуфт:
— Ин савор кист?
Шервони Ҳалабӣ гуфт:
— Ин савор Ниёлбини Санҷонист, ки моро ба лашкар бурд. — Ин сухан мегуфтанд, ки Ниёл бирасид. Пеши Хуршедшоҳ хизмат кард ва заминро бибӯсид ва гуфт:
— Эй шоҳ, мужда ки Самак қалъаи Фалакӣ кушод ва дар қалъа бо Маҳпарӣ ва Рӯҳафзову Сурхвард интизори шоҳ мекунад.

Шоҳ чун бишнид, ки Маҳпарӣ наҷот ёфту қалъа кушоданд, хуррам шуд ва ҳар чӣ пӯшида дошт, аз қабову кулоҳ, ҳама Ниёлро бахшид ва ҳамчунон тамошокунон рӯй ба қалъа ниҳод.
Ва аз он ҷойгоҳ Маҳпарӣ бо Самаки айёр гуфт:
— Акнун бархез то биравем.
Самак гуфт:
— Эй малика, моро чунин набояд рафтан, то шоҳ биёяд, қалъа бад-ӯ таслим кунем ва туро кор бисозем. Сабр кун, ки Ниёлро бар ин кор фиристодаам.

Он шаб дар қалъа биёсуданд. Рӯз равшан шуд. Самак аз болои қалъа бидид, ки Хуршедшоҳ меояд. Дарҳол Маҳпариву Рӯҳафзойро дар пеш кард ва Тармашаро ба дасти Сурхвард доду кашон пеши Хуршедшоҳ овард ва хизмат кард. Хуршедшоҳ ӯро дар канор гирифт ва ӯро бипурсид, ки:
— Ин кист, ки ӯро банд кардаӣ ва ин ҷавони дигар кист?
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, ин ки дар банд аст, Тармаша аст, ки ин ҳама ранҷ аз ӯ ба мо расид. Ва ин дигар Сурхвард аст. — Пас аҳвол бигуфт.
Шоҳ гуфт:
— Акнун Тармашаро барои чӣ медорӣ? Ӯро қаҳр кун.
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, ман ӯро ба аломатҳо хоҳам куштан, ки ҷаҳониён ибрат гиранд.
Шоҳ гуфт:
— Ту донӣ.
Дарҳол ӯро бияфканд ва ҳарду чашми ӯ ба корд баровард

пешина
аз 283
навбатӣ