Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ниёл бинни Санҷонӣ рӯй ба қалъа ниҳод. Самак рӯ дид, дари қалъа кушода, худ ва Сурхвард ҳар ду истода. Ниёл дар пеши Самак хизмат кард ва ҳар яке аҳволи худ мегуфтанд. Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, коре кардӣ сахт некӯ. Акнун туро пеши Хуршедшоҳ бояд рафтан ва муждагонӣ бибурдан.
Ниёл гуфт:
— Фармонбардорам. — Аз қалъа бозгашт ва рӯй ба роҳ ниҳод.
Сурхи Марғазӣ пеши Хуршедшоҳ омада буд ва аҳвол гуфта буд аз қалъаи Фалакӣ ва кушта шудани Қармун ва бурдани Маҳпарӣ боз қалъа ва макр кардани Самак дар қалъа ва лашкар берун фиристодан ва омадани Ниёл бинни Санҷонӣ ва бурдани Шервони Ҳалабӣ бо чаҳор ҳазор савор — ҳама шарҳ дод.
Хуршедшоҳ хуррам шуд, гуфт:
— Моро ба ҳукми тамошо бибояд рафтан, то Маҳпариро низ биёрем. — Бифармуд, то маҳде 1 гавҳарнигор тартиб карданд. Бо дувист савор рӯй ба роҳ ниҳод, ки аз он ҷониб Шервони Ҳалабӣ бо фатҳ пеши Хуршедшоҳ бозомад. Чун шоҳро бидид, пиёда гашт, то ҷумлаи сипоҳ пиёда гаштанд ва хизмат карданд. Адхон ва Хон бинни Хонро баста пеши Хуршедшоҳ оварданд. Шоҳ дар ҳар ду нигоҳ кард, марде пир дид ва яке каҳл 2 ва гуфт:
— Ин ҳар ду кистанд?
Гуфт:
— Кутволи қалъа аст.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй озодмардон, ҳеҷ мумкин бошад, ки моро камари хизмат бандед ва бандагӣ кунед, ки шуморо зинҳор диҳем ва он чи хоҳед, ба шумо диҳем, агар худ ҳама қалъаи Фалакӣ аст?
Хон сухан нагуфт. Аммо Адхон гуфт:
— Эй шоҳ, ман дар ҷаҳон коми дил рондам, номи худ зишт натвонам кард. Баъд аз чандин сол дар подшоҳи хеш осӣ гардам, раво набвад ва дар аҳди ту наҳо-, ҳам омад. Ҳар чи хоҳӣ, бо ман бикун.
Аммо Хон ба ҳеҷ гуна сухан намегуфт. Хуршедшоҳ гуфт:
— Марде пир аст ва бар худ раҳмат намекунад, — бифармуд, то ҳар дуро сиёсат кунанд.
1 М а ҳ д — гаҳвора; ин ҷо ба маънии тахти равон.
2 Қ а ҳ л — миёнсол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё