Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Сиёҳабр чун дида дар вай гумошт, фитнаи ҷамоли вай шуд, ошиқе гашт зор. Аз ишқ маллушу саросема бимонд. Андеша кард, ки «чунин дилбаре яздои биёфариду балои дили халқ гардония. Чора он аст, ки чун Сурхи Кофарро бибарам, ӯро аз шоҳ дархоҳам. Донам, ки дарет надорад ва ҷаҳон бо вай коми дил бигузаро- нам». Ин бо худ мегуфт ва андешаи муҳоя мекард ва тамаъи фосид дар дил меовард ва ҳалво мехӯрду дар ҷамоли Моҳона менигарист, ки ногоҳ аз ишқи Моҳона тире бар синаи Сиёҳабр зад ва бияфтоду беҳуш гашт. Моҳона ханда бараш афтод.
Самак ба гӯш истода буд. Чун Сиёҳабрро бидид, ки бияфтод, аз хайма берун омад ва дасту пои Сиёҳабрро муҳкам дарбаст. Пас аз матбах ду сандуқ биёвард ва Сурхи Кофарро дар сандуке хобонида ва Сиёҳабрро дар сандуке дигар. Рӯй ба Моҳона кард, гуфт:
— Акнун туро дар сандуке мебояд нишастан ва дам даркашидан, то аз ин дара биравем.
Моҳона гуфт:
— Маро нафас бигирад.
Самак гуфт:
— Ин мардумон охир дар ин сандуканд. Чаро ишон- ро нафас намегирад?
Моҳона гуфт:
— Ишон бекушанд.
Самак гуфт:
— Агар хоҳӣ, туро низ аз ин ҳалвопорае ба хӯрд ди- дам.
Моҳона биханхид. Гуфт:
— Ман аз ҳалво хӯрдан тавба кардам, аз он ки ма- ро ҳалво намесозад1.
Самак бихандил.
Пас сандуке дигар сӯрох кард. Моҳонаро ҷой сохт ва яке дигар ҷавоҳиру зар ва ҷомаву ҳар чизе, ки таво- нист, бар вай биҳод. Пас, аз он шутурон, ки дар марғзор мегаштанд, ду шутур ихтиёр кард. Биёвард ва ҳар ду шутурро бор бараш миҳод ва Моҳона дар сандук ни- шаста. Пас он шутур, ки Сурхи Кофар ва Сиёҳабр бар- нишаста буд, бар даст гирифт ва рӯй ба роҳ миҳод, то бар сари дара.
Мардони Сиёҳабр ӯро бидиданд. Самак гуфт:
1 Яъне оҳугар нест, ваҷоферад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо