Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфтанд, ки «ҳама ҷойгоҳ баргаштем ва аз кас нашнидем». Самак рӯй бар ишон кард ва гуфт:
— Нома нависам ба Хуршедшоҳ, шуморо бибояд бурдан.
Ишон гуфтанд:
— Фармонбардорем.
Самак дар дабирӣ даст дошт1 пайваста ҳар ҷо ки будӣ, аз омӯхтан холӣ набудӣ. Пас Самак нома навишт:
Аввал номи яздон ёд кард ва бар шоҳ офарин хонд.
Пас гуфт:
«Ин нома аз камтарини бандагон Самак бар Хуршедшоҳ. Бидонад ва огоҳ бошад, ки чун мо бандагон аз хизмат биёмадем, ба иқболи шоҳ кор некӯ баромад. Паҳлавонон худ ба хизмат бозистоданд бо хилъат ва мо бандагон бар умеди он ки Меҳрони вазирро биёварем, ва ба муроди тамоми ба хизмат бозрасем, то Ҳумору фарзандон аз банд берун оварем. Иттифоқ чунон афтод, ки Оташаку Сурхвард ва Ниёл ба талаби Меҳрони вазир берун рафтанд. Ҳар се нопайдо шудаанд, чунон ки на мурда ва на зинда номи эшон барнаёмаД. Мани банда дар ғами эшон бозмондаам. Акнун ба талаби эшон хоҳам рафтан. Агар чунон бошад, ки ман низ нопайдо шавам, бадруд бош2. Ва ин ду бародарони кассобанд, ки аҳволи эшон ба хизмат гуфтаам. Ва маълуми шоҳ гардонидам, то ба дуо маро мадад фиристад. Вассалом».
Чун нома тамом кард, бародари меҳтар3 бархост ва нома баргирифт ва пинҳон кард, берун омад ва чанд сар гӯсфанд дар пеш гирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод. Чун бо лашкаргоҳ расид, роҳ ҷуст ва пеши шоҳ омад ва хизмат кард, шоҳро дуо гуфт ва нома бароварду бӯса дод, бар канори тахт ниҳод.
Гӯфт:
— Ин нома аз куҷост?
Гуфт:
— Эй шоҳ, номаи Самакӣ овардааст.
Шоҳ баргирифт ва ба дасти Ҳомони вазир дод, то бархонад. Ва маълуми шоҳ гардонид. Ва шоҳ бар Самак

1 Яъне: дар номанависӣ ҳунарманд буд.
2 Яъне: ту хуш бош. 3 Меҳтар — калонӣ.

пешина
аз 283
навбатӣ