Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

офарин кард ва паҳлавонон ӯро дуо гуфтанд. Ҳомони вазир гуфт:
— Ин хатти кист?
Шағол гуфт:
— Ин хатти Самак аст ва ӯ тарсил 1 нек донад.
Ҳомони вазир гуфт:
— Ин мард ба ҳама ҳунар ороста аст.
Пас шоҳ он ҷавони қассобро бинавохт ва гиромӣ кард ва пеши худ бинишонду аз вай аҳволҳо пурсид. Ҷавонмард аз он чӣ рафта буд, бо шоҳ шарҳ дод. Шоҳ бифармуд, то ҷавоби нома бознависанд. Гуфт:
«Номаи паҳлавони замона ва ҷавонмарди гетӣ, балки бародари мо Самаки айёр расид ва аҳвол донистем. Бояд ки чун бар ин нома воқиф шавад, бархезаду биёяд, кӣ мо орзуманди дидори ваем ва беш аз ин ранҷ бар тани худ наниҳад, кӣ чун мо корҳо тамом кунем, талабкори ишон бо-шем ва ба даст оварем ва падари азизи мо Ҳомони вазир омадааст ва моро корҳост ва бе вуҷу-ди вай хуш нест. Вассалом».
Чун нома тамом кард, шоҳ бифармуд, то моли фаро-вону ҳилъати хуб ба ҷавони қассоб доданд. Нома бар-гирифт ва рӯй ба шаҳр ниҳод ва бо он мол ба сарои хеш омад, чунон ки ҳеҷ кас огоҳ набуд. Нома ба Самак дод ва бархонду гуфт: «Некӯ коре бошад, кӣ ман бархезаму ишонро раҳо кунам ва лашкаргоҳ равам, то мардони ҷаҳон маро ба даф бизананд ва гӯянд: «Самак даъвои айёрӣ мекард ва зани хеш бо ду ёр дар банд раҳо карду рафт». На дар мардӣ, на дар ҷавонмардӣ сазост. Ман ин маъни написандам. Ба яздони додори кирдигор, кӣ ба лашкаргоҳ наравам, магар аҳволи ишон бидонам. Агар дар банданд, ман на дар бандам, кӣ коре дигар рост дорам».
Аз ин маъни бо худ мегуфт, то шаб шиққан 2 сиёҳ пӯшид. Самак бархост ва силеҳ пӯшид, хост ки берун равад.
Ду бародарони қассоб дар вай овехтанд, гуфтанд:
— Эй паҳлавон, агар ту берун меравӣ, моро бо худ бибар, то агар касе пеши ту ояд, бо ту ёр бошем.

1 Тарсил — ин ҷо: номанависӣ.
2 Шиққа — порае матоъ.

пешина
аз 283
навбатӣ