Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
1 кунад ва маро ба хизмати Маҳпарӣ барад ва чун номи ту шунидаму корҳои ту, бо дил гуфтам: «Ин кори ваяст». Аз он муддат боз мехостам, ки туро бубиннам, то ба хизмати ту расам ва ҳарчӣ хоҳӣ, он кунам.
Самак чун ин сухан бишнид, хуррам шуд. Гуфт:
— Эй лоло, номи ту чист?
Гуфт:
— Номи ман Анбар аст.
Самак гуфт:
— Бо ман савганд хӯр, ки хиёнат накунӣ ва дил бо мо рост дорӣ, то ман он чи муроди ту бошад, раво кунам.
Лоло Анбар савганд хӯрд, чунон ки Самак гуфт. Самак ӯро дар бар гирифт, гуфт:
— Эй лоло, дар ин шабҳо ҳеҷ кас бар ин ҷойгоҳ омад? Ӯро гирифтед ва дар банд кардед?
Лоло гуфт:
— Аз ин хабар надорам. Валекин се тан дар он хона боздоштанд.
Самак чун бишнид, гумон бурд, ки Сурхварду Оташаку Ниёланд. Биёмад ва нигоҳ кард, Ҳумор ва Собиру Самлод буд. Самак бозгашт ва ба болини Меҳрони вазир омад ва дашна баркашиду даст бар синаи Меҳрони вазир ниҳод, ӯро бедор кард. Чун чашм бикшод, Самакро дид, ӯро бишнохт. Гуфт:
— Эй Самак, ба чӣ кор омадай?
Гуфт:
— Омадаам, то аз ту боздонам, ки Оташаку Сурхварду Ниёл куҷоанд, бо ишон чӣ кардед? Рост бигӯ ва агар на, туро пора-пора кунам.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй дареғо, ту имшаб расидӣ. Агар дӯш будӣ, ту низ пеши ишон будӣ, ки аз гӯри ишон гиёҳ баромад.
Самак гуфт:
— Эй Меҳрон, ту рост бигӯ ва агар на, ба захми чӯб икрор аз ту бистонам.
Меҳрон гуфт:
— Агар маро бикушӣ ва агар чӯб занӣ, ки ман худ ҳеҷ нагӯям, ки ман худ пирам, ангорам, ки соле дигар зистам ва он гоҳ мурдам. Ту ҳар чӣ хоҳӣ, бо ман бикун.
Самак ӯро барбаст ва даҳони ӯ биёканд ва баста рахо кард ва бад-он ҷой омад, ки Ҳумору Собиру Самлод
1 П о й м а р дӣ — ёрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё