Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак гуфт:
— Шумо ин ҷойгоҳ мебошед, ки ман шуморо нигоҳ натавонам дошт. Агар маро коре пеш ояд ва бомдод наёмада бошам, хабари ман пеши шоҳ баред ва бигӯед, ки Самак гум шуд.
Ин бигуфт ва ишонро видоъ карду берун омад. Дар он ҳуҷра, ки Меҳрони вазир буд, ҳеҷ касро надид. Пас каманд барандохту маҳкам кард. Даст дар каманд заду ба болои бом баршуд. Посбоне дид хуфта. Ҳалқи ӯ бигрифту бифшурд. Посбон зинҳор хост.
Самак гуфт:
— Рост бигӯ, то дар ин ду-се шаб ҳеҷ кас дар ин ҷойгоҳ омад ё не? Ва дигар, бигӯй, ки Меҳрони вазир куҷо хуфтааст?
Посбон гуфт:
— Ҳеҷ кас надидам. Аммо Меҳрони вазир дар баробари ту аст. Он рӯшноӣ, ки мебинӣ, он ҷо хуфтааст.
Самак дасту пои ӯ дарбаст ва рӯй бар он рӯшноӣ кард. Чун бирасид, нигоҳ кард. Меҳрони вазирро дид бар болои тахт хуфта ва ходиме пои ӯ дар канор ниҳода ва мемолид. Самак пеши ходим омад ва даст бар паҳлӯи ходим зад. Чашм боз кард. Самак ишорат кард, ки «биё». Ходим пиндошт, ки касе ӯро мехонад, ки сухане дорад. Пои Меҳрон бар замин ниҳод, бархосту пеши Самак омад.
Чун дар паси ҳуҷра омад, Самак дар вай овехт, ӯро биифканд. Хост, ки ӯро бикушад, ходим гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ ва чӣ кардаам, ки маро хоҳӣ куштан?
Самак гуфт:
— Эй лоло, манам Самаки айёр.
Ходим чун номи Самак бишнид, гуфт:
— Эй паҳлавон, маро макуш, ки ман бо ту коре дорам ва дер гоҳ аст, ки ман талабкори туам ва ман туро ба кор бозоям.
Самак гуфт:
— Ту маро аз куҷо мешиносӣ?
Ходим гуфт:
— Эй паҳлавон, маро бо лоло Солеҳ дӯстӣ буд ва моро бо ҳам оварда буданд аз вилояти Барбар ва ман бар ин ҷойгоҳ афтодаму ӯ ба сарои подшоҳ афтод. Чун шунидам, ки лоло Солеҳро куштанд, бисёр ғам хӯрдам ва шабу рӯз дилтанг будам. Касеро мехостам, ки поймарди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё