Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фарёд аз лашкари Арманшоҳ баромад, то дигар бор Хурмузи Кел ҷавлон кард ва мард хост. Дигаре дар майдон омад, бияфканд. Ҳамчунин мард дар майдон меомаду меафканд, то Хурмузи Кел овоз дод, ки:
— Куҷо шуд он ки дирӯз маро бибурд? Пин дорад, ин маро ба мардӣ бибурд? Он хато буд, ки пон ман ба сӯрохи муш фурӯ шуд. Эй Қизилмалик, дар майдон ой, то захми теғи мардон бинӣ!

Қизилмалик хост, ки дар майдон равад. Арманшоҳ ӯро фурӯ гирифт, гуфт:
— Марав, то бандагону хизматгорон дар майдон раванд, ки раияту лашкарӣ аз баҳри чунин рӯз медоранд. Набинӣ, ки Хуршедшоҳ дар майдон намеояд?
Охир ӯ низ мардона аст. Ҳеҷ рӯз дидӣ, ки ӯ низ дар майдон омад?

Арманшоҳ ин сухан мегуфт, ки Айлоқи паҳлавон хидмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, банда дар майдон равад ва кинаи мардон аз ӯ бозхоҳад.

Шоҳ бар вай офарин кард.
Пас Айлоқ пиёда шуд ва зертангу забартанг устувор кард ва чаҳордаҳ пора силоҳи мардона бар тан рост кард ва рӯй ба майдон ниҳод, асп дар зери ӯ чун барк.

Чун Айлоқ дар майдон омад, Хурмузи Кел аз роҳ,
найза бар найзан якдигар афканданд. Чандон ба найза
бикӯшиданд, ки найзаҳо бишкаста шуд, бияндохтанд ва
забонҳои мори обкирдори оҳанасли ҷигархори хубзарб
аз хонаи чӯбинҳоди адимлибос берун карданд, ва он чӣ
буд? — Теғҳои арабӣ буррои чун барқи қалам, чун пон
ҳиҷдидарои ганданобар, чун барги судоб ларзонтар, ки
пари уқоб. Чунин теғҳо бар фарқи якдигар мезаданд, то
теғҳо дар дасти ишон дандона-дандона шуд, бар якдигар
зафар наёфтанд. Теғҳо аз даст бияндохтанд. Майдоне
фарох баргирифтанд ва даст ба камон бурданд, тирҳои
ҳаданги заранги нӯҳмуштии пӯлодпайкон, кӯчакдаҳон,
ҷигарсӯз, дидадӯз аз камар бикшоданд. Чандон тир бар
якдигар андохтанд, ки шахсҳои ишон чун мурғ пар бароварду тир намонд, ҳам зафар наёфтанд. Дигар бора
ба танг даромаданд ва гурзҳои говсар аз карбус бароварданд ва дар фарқи якдигар мезаданд, то якбор Айлоқ тунд гашт, даромад ва камарбанди Хурмузи Кел
баргирифт ва қувват кард ва ӯро аз зин баргирифт ва
пеши кӯҳан зин ӯро бозгирифт. Инони асп баргардонид,

пешина
аз 283
навбатӣ