Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки ӯро ба лашкаргоҳи хеш барад. Тақдири эзидӣ чунон афтод, ки Ҳурмузи Келро даст ба рӯи рони Айлок афтод. Дашна бар рӯи рони Айлок баста дид, бар кашиду бизад бар паҳлӯи чапи Айлок чунон ки ӯро дам фурӯ шуд. Дастҳои ӯ аз кор фурӯ монд. Ҳурмузи Кел инони аспи Айлок бигрифт ва бигардониду пеши сипоҳ омад ва Айлокро бар замин зад ва гуфт:
— Ӯро барбандед.
Ин бигуфт ва ба майдон бозомаду мард хост. Тайроки бародари Айлок асп дар майдон чаҳонид. Баробари Ҳурмузи Кел омад ва бонги ниҳеб бар вай зад ва гуфт:
— Эй фурӯмоя, паҳлавонеро бурдӣ, ки чун ту сад ҳазор банда беш дорад! Пеш ой, то кинаи бародар аз ту бозхоҳам! — Ин бигуфт ва найза бар найзан якдигар афканданд ва бисёр бикушиданд, касе музаффар нашуд. Даст ба теғ бурданд ва бисёр ҷаҳд карданд.
Агарчи Ҳурмузи Кел бисёр мард афканда буд ва бо Айлок бисёр кушида буд, хаставу кӯфта, то Тайрок даромад, камарбанди Ҳурмузи Кел бигрифт ва қувват кард ва ӯро аз зин баргирифту пеши Арманшоҳ овард.
Қизилмалик гуфт:
Ӯро гардан бибояд задан.
Тайрок хизмат кард ва гуфт:
Эй шоҳзода, зинҳор, ки бародари ман бикушанд.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Ӯро банд фармой, то аҳвол бидонем, ки чӣ гуна мебояд кардан.
Ҳурмузи Келро банд барниҳоданд ва бозгаштанд.
Аз он ҷониб дарсоат, ки Ҳурмуз Айлокро биёварду пеши Хуршедшоҳ бияфканд, зинда буд, то он соат, ки Ҳурмузи Келро бибурданд, Айлок дар он соат бимурд.
Хуршедшоҳ бо Ҳомони вазир гуфт:
— Чора чист? Агар бидонанд, ки ин намонд, ӯро бикушанд. Ӯро банд барбояд ниҳодан ва ба хайма фиристодан, чунон ки аз он аҳвол касе огоҳ нашавад, то бинигарем, ки аҳволи Ҳурмузи Кел ба чӣ хоҳад расид. — Пас бифармуд, то табли осоиш бизаданд. Ҳар ду лашкар рӯй ба осоиш ниҳоданд.

Боомадем ба ҳадиси Самаки айёр. Чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии қисса, ки дар ҳуҷраи лоло Анбар

пешина
аз 283
навбатӣ