Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳрони вазир гуфт:
— Эй Самак, дур афтодаст. Ман хостам, ки ту ҳам бад-он роҳ рафта будӣ, ки он қавм рафтаанд, то олам аз ҷавру зулмати ту пок шудӣ, ки ҳар замон чун дуздон биравӣ ва одамӣ бидуздӣ. Охир мардумон аз дасти ту бозрастанд. Ишон рафтанд, ки ту ҳаргиз ишонро набинӣ ва ман ин роз ошкоро накунам. Донам, ки дер ё зуд туро ҳам бар он роҳ бибаранд. Ва дигар, деге аз баҳри Хуршедшоҳу Маҳпарӣ мепазам, ки дуди он оташ ба осмон расад, чунон ки сад ҳазор аз ту аз паси он наёянд.

Самак чун сухани Меҳрон бишнид, фурӯ монд.
Гуфт:
— Эй ҳаромзодаи бадфеъл, ҳар чӣ тавонистӣ кардан, кардӣ. Ман ҷавоби кори ту боздиҳам. Акнун нахоҳӣ гуфтан. Акнун ба захми чӯб бигӯй.

Собиру Самлод гуфтанд:
— Эй паҳлавон, мо ӯро чӯб занем, ки на он ба ҷон мо кардааст, ки васф тавон кардан. Моро сиёсат фармуд, то Арманшоҳ ба фарёди мо расид.— Ин бигуфтанд ва чӯб дар даст гирифтанд ва мезаданд, то чунон шуд, ки ҳафт андоми вай пора шуд ва хун равона гашт, ҳеҷ иқрор наёвард.

Самак дар ғами ду бародарон буд ва бо худ мегуфт: «Тадбир чист ва ишонро аз куҷо ба даст оварам? То акнун ғами ишон дигар гуна буд, акнун ғами дигар бар он барафзуд».

Мо омадем ба ҳадиси Қонуну Хотур ва Кофур. Чунин гӯяд муаллифи қисса, ки Хотуру Қонун ва Кофур нақм буриданд ва паҳлавони Хурмузи Келро дар банд карданд ва аз баҳри арӯсӣ дари ҷанг баста буданд, то се рӯз баромад, тақдири эзидӣ чунон буд, ки он шаб ки арӯсӣ хост буд, Хотуру Қонун вақти чоштгоҳ нақм бурида буданд дар зери тахти Хуршедшоҳ, чунон ки поян тахт фурӯ хост омадан. Хотур бо Қонун гуфт:
— Поян тахт бар дӯши худ неҳ, то шаб дарояд ва соз кунем, ки ҳанӯз чоштгоҳ аст.

Қонун поян тахт ба гардан гирифт ва ба даст нигоҳ медошт. Хотур бинёмад ва ҳар ду мард ҷое бидошт ва тартиби арӯсӣ мекарданд, ки он шаб Маҳпариро ба Хуршедшоҳ биспоранд, то аз чашман ӯ об бихӯрад ва дар ҳамаи лашкар нишоту хуррамӣ карданд ва муғаннӣёну мутрибон овоз бароварданд ва дар ҳар гӯша маҷмае

пешина
аз 283
навбатӣ