Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй малика, занони маъруфони шаҳранд ва ба хизмат омадаанд, то малика эшонро шафоате кунад.
Зани шоҳ гуфт:
— Раво бошад. — Эшонро бишонданд. Самак ишорат ба лоло кард, ки «Канизаконро берун фирист, магар мехоҳанд, ки сухане бо малика бигӯянд ва аз шумо шарм доранд».
Канизакон берун рафтанд. Зани шоҳ бимондӯ духтар ва Самак бархосту ҷодар аз сар бозбарканд ва Собиру Самлод ҳамчунин. Зану духтари шоҳ нигоҳ карданд, мардони бо риш диданд, битарсиданд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй лоло, Тайрок куҷост?
Гуфт:
— Дар боргоҳ шароб мехӯранд.
Гуфт:
— Эй лоло, зуд бош, қадаҳе ҷулоб пеши Тайрок бару бидеҳ то бозхӯрад. Чун хӯрда бошад, сар ба гӯши вай неҳ ва бигӯй, ки «Моҳонаи духтари шоҳ бо ту сухане дорад ва туро мехонад».
Тайрок бархост ва лоло дар пеш истод, то бад-он мақом омад, ки Самак бо дигарон истода буданд. То Тайрокро хабар буд, ӯро барбаста буданду афканда.
Пас гуфт:
— Эй лоло, дар боргоҳ рав ва хизматгоронро бигӯй, ки «Берун равед ва шароб мехӯред, ки паҳлавон Тайрок мегӯяд, ки саҳаргоҳ хоҳем рафт».
Лоло ба боргоҳ омад ва ба хизматгорон бигуфт. Гуфтанд: «Магар Тайрокро хилватест, — Ҷумла берун омаданд ва ба кор машғул шуданд. Гуфтанд: «Агар шароб хӯрем, маст гардем ва саҳаргоҳ натавонем рафтан».
Пас чун сарои шоҳ холӣ шуд, Самаки айёр гуфт:
— Эй лоло, вақти он омад, ки пеши Хуршедшоҳу Маҳпарӣ равем.
Лоло бархост ва бо Самаки айёр бар он ҷой омаданд, ки эшонро боздошта буданд ва банд барнихода.
Собиру Самлод бо зани ду бародарон бар зани шоҳу духтар муваккал буданд.
Шоҳ чун Самакро бидид, наърае бизад. Самаки айёр гуфт:
— Эй шоҳ, чӣ ҷои наъраву фарёд аст?
Пас банд аз дасту пои Маҳпариву шоҳ баргирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё