Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Айбаи ¹ силеҳи ман биёваред, то дар майдон равам ва ҷавоби вай боздиҳам, ки моро надидааст.
Фаррухрӯз хизмат кард, гуфт:
— Зинҳор то ту ин кор накунӣ ва чун Қизилмалик сабуксар набошӣ. То мо бандагон ба ҷоӣ бошем, раҳо накунем, ки ту дар майдон равӣ, мабодо ранҷе ба ту расад. Ёд надорӣ, ки ман дар Ҳалаб даст барзадам ва бар худ гирифтам, ки ҳар балову ранҷ, ки бошад, муқаддам бошам ва ҷон фидо кунам, бал-он то агар ҳагое афтад ва ё ранҷе бошад, бандаро бошад ва ҷон фидои ту кунам ва ту ивази банда бозкунӣ ва номи ман бар вафодорӣ дар ҷаҳон бимонад. Шоҳ донад, ки он чӣ гӯям, ҳақиқат аст, ки он кор, ки маро афтод ва дар дасти доя гирифтор шудам, агар шоҳзода будӣ, ба сад ҳазор чун ман чораи ин кор натавонистӣ кардан.
Шоҳ гуфт:
— Эй бародари меҳрубон, шод бош, бигзор то ман дар майдон равам ва бо вай бигардам, ки ӯ маро мехоҳад, ки ин кор маро афтодааст.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй шоҳзода, кор туро афтад ва бандагон ҷон таслим кунанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чунин аст, ки ту мегӯй ва лекин ин навбат дар миён равам.
Фаррухрӯз гуфт:
— Ба хоки пои ту ва Марзбоншоҳ, ки раҳо накунам.— Ин бигуфт ва асп дар майдон ҷаҳонид ва баробари Қизилмалик омад ва биистод.
Қизилмалик чун ӯро бидид, пиндошт, ки Хуршедшоҳ аст. Бар худ биларзид ва бонг бар вай зад ва найза бар пайзаи ӯ рост кард ва бисёр бикӯшиданд ва ба оқибат Қизилмалик даромад ва найза биронд, ки бар синаи Фаррухрӯз занад. Фаррухрӯз дарак дар сар овард, то таънаи ӯ рад кунад. Қизилмалик ба чолокӣ найзаро хам дод, ки марди кор буд ва найза бар пои Фаррухрӯз зад, чунон ки аз он сӯи пой берун шуд ва сари найза дар шиками асп афтод.
Фаррухрӯз аз он захм бинолид, саросема шуд. Инони асп бигардонид ва рӯй ба ҳазимат ниҳод. Қизилмалик гуфт:

1 Айба — силоҳдон, зарфи ҷармин барои нигоҳ доштани ас-лиха.

пешина
аз 283
навбатӣ