Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Раво бошад.
Қизилмалик бозгашт, ки аспро бадал кунад.
Чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии қисса, ки Маҳпарӣ бо лоло Салоҳ як рӯз гуфта буд, ки «агар шоҳ рӯзе ҷанг кунад ва ба майдон шавад, маро огоҳ гардон, ки мехоҳам, ки тамошо кунам».— Лоло Салоҳ пеши Маҳпарӣ омад ва гуфт:
— Эй Маҳпарӣ, шоҳ дар майдон аст.
Маҳпарӣ гуфт:
— Бирав ва бо Ҳомони вазир бигӯӣ, ки Маҳпарӣ мехоҳад, ки тамошои шоҳ бикунад, дастурӣ бошад?
Лоло Салоҳ пеши Ҳомони вазир омад ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй вазир, маликаи ҷаҳон мехоҳад, ки шоҳро бибинад, ки масоф чун мекунад.
Ҳомони вазир ҷавоб дод, ки:
— Ҳеҷ оқил ин дастурӣ надиҳад, ки раво набунад, ду лашкар чунин рӯй дар рӯй оварда, ӯ дар маҳд нишинад ва дар миёни лашкар равад. Почор ангуштнамои ҳар кас шавад ва на нек бошад ва ман ризо надиҳам, ки тоқати итоби шоҳзода надорам.
Лоло Салоҳ пеши Маҳпарӣ омад ва аҳвол бозгуфт. Маҳпарӣ дилтанг шуд. Лоло Салоҳ гуфт:
— Эй малика, агар хоҳӣ, ман туро ба тамошо барам, бархез то силоҳи мардон пӯшем ва савор гардем ва бар канораи лашкаргоҳ равем ва назораи шоҳ кунем.
Маҳпариро хуш омад ва бархосту он чи ба кор боист аз силоҳи мардон бар худ рост кард ва савор шуд ва бо лоло рӯй ба канораи майдон ниҳод.
Ҳақ таоло ва тақаддус тақдир кард, ки зани Арманшоҳ Моҳсутун ва Моҳонаи духтараш дар хаймаи Маҳпарӣ буданд бе бандеву муваккале, ки Маҳпарӣ ҳама рӯз бо эшон буд. Чун диданд, ки Маҳпарӣ бо лоло рафт ва эшон танҳо бимонданд ва ҳар кӣ буданд, ҷумла ба тамошо рафта буданд, ҳар ду бархостанд ва силоҳ пӯшиданд ва бад-он гуна, ки Маҳпарӣ ва лоло Салоҳ рафта буданд, бирафтанд, то ба лашкаргоҳи хеш. Аз ошӯбу ғалабаи лашкар ҳеҷ касро парвои эшон набуд ва талаби эшон накарданд, то ҳар ду ба лашкаргоҳи Арманшоҳ рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё