Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кассобро бурда буд, даст баста ба хизмати шоҳ овар-дам.

Хуршедшоҳ хуррам шуд ва бар вай офарин кард. Гуфт:
— Куҷост?

Ҳурмузи Келу Сурхи Маргазиву Шарвони Ҳала-бӣ даромаданд, Сурхи Қофарро даст баставу полҳанг дар гардан карда дароварданд. Собиру Самлод бо ишон хизмат карданд.

Дар Сурхи Қофар нигоҳ кард, саҳме 1 дар дили вай афтод, ки марде дид чанди кӯҳпорае, ёздаҳ газ боло, бар он хорӣ баста дид. Бар Самак офарин кард. Дар Самак нигоҳ кард, чандони вай набуд. Дар Собиру Сам-лод нигоҳ кард, гуфт:
— Ишон кистанд?
Гуфт:
— Ишон бародарони мананд, фарзандони Ҳумор, ки аҳвол бо шоҳ гуфтам, ки мани банда дар шаҳри Мочин дар хонас фуруд омада будам.

Хуршедшоҳ бифармуд, то ишонро хилъат доданд ва ба Шағоли Пилзӯр супурд, то аз ҷумлаи пиёдагон бо-шанд.

Чун аз ин фориғ шуданд, Самак рӯй ба Сурхи Қо-фар кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, кор худ дидӣ ва ҷойгоҳ мебинӣ. Агар хоҳӣ, ки ба ҷон зиниҳор ёбӣ, рост бигӯй, то бандиёнро куҷо бурдӣ ва бо ишон чӣ кардӣ? Агар мурдаанд ва агар зинда, бигӯй.

Сурхи Қофар гуфт:
— Эй Самак, бигӯй, ки маро яқин шуд, ки кори ту яздон рост бармеоварад ва иқболи подшоҳ дар кор аст ва агар на, чун туву ҳазор чун ту нигоҳ дар ман ната-вонистӣ кардан, хосса дар банд овардан. Дигар, ин кор ман кардам. Сурхварду дигарон бурдаам ва лекин ба Арманшоҳ савганд хӯрдаам ва мисок 2 карда, ки ҷуз бо вай сухан нагӯям магар кори ман ба ҷон расад ва хуни ман бирезанд. Акнун бо ман он чӣ хоҳӣ, бикун, ки нагӯям.

Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, чун хунат бирезам, бигӯй? — Бифар-

1 Саҳм — бим.
2 Мисок — аҳд.

пешина
аз 283
навбатӣ