Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

муд, то ҳаҷҷоме ¹ биёварданд ва раг аз дасти Сурхи Кофар бизаданд ва хуни вай бар замин бирехт. Гуфт:
— Акнун бигӯй.
Сурхи Кофар аз вай аҷаб дошт. Гуфт:
— Эй Самакӣ айёр, бидон ва огоҳ бош, ки ман ба хизмати Арманшоҳ нарафтаме. Чуп ту дар ин вилоят ин корҳо мекардӣ, маро бихонд ва бо ман аҳд кард ва пазируфтагорӣ кард. Гуфт:
— Агар ман ин ҷамоат бигирам, ӯ духтари хеш Мохона ба ман диҳад. Акнун аз ӯҳдаи кор ту монда будӣ, ки мебоист овардан, то духтари вай дар канор гирифтаме. Кор ба акс афтод: Тӯро дар дом наёвардам ва тӯ маро дар дом овардӣ ва маро дил дар банди Мохона аст.

Самакӣ айёр гуфт:
— Эй Сурхи Кофар, савганд хӯр ва ба аҳди шоҳ дарой чунон ки ғадр накунӣ ва хиёнат наяндешӣ ва бо дӯстони шоҳ дӯст бошӣву бо душмани шоҳ душман, ки Мохона овардаам ва ба занӣ ба ту диҳам. Дигар, ҳар сол аз Арманшоҳ чӣ ба ту мерасид?
Гуфт:
— Ӯро хизмат накардаме, аммо се ҳазор динор маро дода буд.

Пас савганд хӯрд ба яздони додори кирдигор ва ба нуру нор ва ба ҷони покон, ки «Сурхи Кофар хиёнат накунад ва наяндешад ва якдил бошад ва бо дӯсти шоҳ дӯст бошаду бо душмани шоҳ душман, бе таъвиле ² ғалр накунад».

Чун Сурхи Кофар қасам ёд кард, Хуршедшоҳ ӯро хилъат дод мулукона ва бинавохт. Дарҳол бифармуд, то сӣ ҳазор динори нақд аз хазина ба вай доданд ва панҷоҳ ҳазор динор маншури ³ вай бинависиданд ва панҷ ғулому ду канизак ва хаймаву созу силоҳу асп ва ғайра он чи ба кор аст, ҳама ба вай доданд.

Ва пас [Самак] ходимеро гуфт:
— Ба хаймаи Маҳпарӣ рав ва лоло Салоҳро бигӯй, то Мохонаи духтари шоҳро ҳозир гардонад, то аҳволи Сурхи Кофар дар хизмати шоҳ бо вай бигуям. Бошад ки вайро ба Сурхи Кофар тавонам дод.

1 Ҳаҷҷом — рагзан, хунгир.
2 Таъвил — ҳилаи шаръӣ; тадбир;
3 Маншур — фармон.

пешина
аз 283
навбатӣ