Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Сурхи Қофар гуфт:
— Эй паҳлавон, чун ба шаҳр равӣ, дар баробари он кӯча, ки маро бурдӣ пеши он пирзан, аз он кӯча берун равӣ, фарох ҷое ҳаст ва гавей об истода, бар гӯшан об роҳе рост аст, бар он роҳ бирав, чаҳордеворе пеш ояд даре овехта, аммо баста нест. Дар он чаҳордевор сарое мебинӣ аз санг бароварда ва посбон дар болои бом ва дарбоне дар пеши дар. Ба ҷуз аз ин ду тан касе дигар дар он сарой нест. Ҳар панҷи бандиён дар ин сарой дар банданд.
Самаки айёр гуфт:
— Нишони ту чист, то он дар бикушоянд?
Гуфт:
— Дар сарой рав ва дасти дарбон бигир, ки мӯътамад аст ва ӯро ба хештан каш ва дасти вай бифишор, ки маро чаҳордах сандуқ аст пури зару ҷавоҳир, то ҳама ба ту супорад. Пас бо он бандиён биёвар, то дар хизмати шоҳ ба харҷ кунем.
Самак хуррам шуд ва бар вай офарин кард ва рӯй ба роҳ ниҳод. Дар тирашаб ба шаҳр омад дар сарои пирзан, ки хоҳари Ҳумор буд, дар бизад. Зани пир ба зер омад ва дар бикушод. Самакро дид, хизмат кард ва ӯро дар сарой овард ва бинишонд ва ҳар сухане мегуфтанд, ки овози дар баромад. Пирзан гуфт:
— Эй Самак, дар хона рав, то бинигарам, ки кист. Магар фарзанди ман омад?
Самак дар хона шуд. Зани пир дар бикушод ва Самак нигоҳ кард, ҷавоне дид, даромад ва пеши пирзан бинишаст. Замоне буд Самак гӯш медошт, то ногоҳ гуфт:
— Эй модар, мебишнавӣ ному овозаи Самак ва мардиву айёриву паҳлавонӣ, ки вай дар корҳо мекунад? Чун Сурхи Қофар марде, ки Арманшоҳ бо ҳаман лашкар бо вай барнамеомаданд, бигирифт ва пеши Хуршедшоҳ бурд, марде бар он азимӣ. Ва дигар, чаҳорсад марди айёрпеша ва ҷавони чолок шодии вай хӯрданд ва ба хизмати вай рафтанд. Эй модар, ман низ шодии вай хӯрдаам, ба хизмати вай хоҳам рафтан ба лашкаргоҳ, ки коре низ бо вай дорам ва аз вай орзу талаб кунам, ки он ба дасти вай барояд.
Ва он ҷавонро ном Ёрух буд. Модараш гуфт:
1 Гав — чуқурӣ, чоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё