Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хурдасби Шайду ва Ҳурмузи Кел ишонро дар пеш карданд. Чун бирасиданд, ишонро бидоштанд. Пеши Хуршедшоҳ рафтанд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ, чаҳорсад марди чолок аз шаҳри Мочин омадаанд, шодиҳӯрдагони Самак. Ба хизмати шоҳ омадаанд.
Самак ҳозир буд, хост, ки бархезад, шоҳ гуфт:
— Ҷудой маталаб, ишон биёянд.
Ишонро дароварданд. Хизмат карданд. Самак ишонро дар канор гирифт ва бипурсид. Ва Хуршедшоҳ бифармуд, то ҳамаро хилъат доданд ва созу силеҳ он чи ба кор бонд. Ва он аз баҳри дили Самак кард. Ишонро ба Шағоли Пилзӯр супурд ва ба шароб хӯрдан машғул гаштанд.
Ҷосус ҳозир буд, пеши Арманшоҳ омаду шарҳ дод.
Арманшоҳ фурӯ монд, гуфт:
— Ин чӣ ҳодиса аст? Ҳар чӣ аз ҷонибе рост медорам, аз ҷонибе табоҳ мешавад.
Қонун хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, иҷозат деҳ, ки банда ба шаҳр равад ва нигоҳдорӣ мекунад, набояд, ки чун ин овоза ба шаҳр расад, ҳама рӯй ба Хуршедшоҳ ниҳанд ва шаҳр аз дасти мо биравад.
Шоҳ гуфт:
— Бибояд рафтан ва нигоҳ доштан ва шабу рӯз бедору ҳушёр будан.
Қонун рӯй аз он ҷо ба шаҳр ниҳод ва ба корсохтан машғул шуд.

Мо омадем ба аҳволи Самаки айёр ва ҷамоити бандиён, ки ба куҷо расид. Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки чун аз он ҷониб шаби сипеҳранг дидор бинамуд ва аз ҳиҷоби зулмат худро ҷилва дод, олам торик шуд. Хуршедшоҳ бо паҳлавонон дар боргоҳ ба шароб хӯрдан машғул шуданд, Самаки айёр дар пеши вай, ки ногоҳ бархост ва хизмат карду гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, на некӯ кардам, ки ба шароб хӯрдан машғул гаштаму зани ман бо ёрон дар банд.
Ман ба шаҳр хоҳам рафтан ба талаби зану ёрон.
Сурхи Кофар ҳозир буд. Самак ба вай гуфт:
— Эй паҳлавон, бандиён куҷоанд? Маро нишон деҳ, то биравам ва ишонро биёварам.

пешина
аз 283
навбатӣ