Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ёрух гуфт:
— Эй паҳлавон, як рӯз дар бозор маст он занро дидам, ки чанд ҷома харида буд ва бо ду канизак ҳамроҳ буд. Пас ба сарои шоҳ мерафт. Ман ӯро нигоҳ доштам, то ба кӯча расидам, пеши вай бозомадам ва хизмат кардаму дуо кардам ва турунҷе дар даст доштам, пеши вай бурдам, аз дастам бистад. Дили ман бо он бибурд, аз ишқи вай бе дилу беқарор бимондам ва мадҳуш гаш- таам. Намедонам, ки чун мебояд кардан ва ҳар сухане, ки мегӯям, на оқилона аст. Чунон ки мардумони шаҳр маро Ёрухи Девона мехонанд. Аҳволи худ гуфтам; чо- раи кори ман бисоз.
Самак бо дил гуфт: «Агар ин разьо моили ин ҷавон набудӣ, турунҷ аз дасти вай насиҷадӣ». Гуфт:
— Эй барно, дил хуш дор, ки ман аз баҳри он ома- даам, ки духтари шоҳ — Моҳонаро бурда будам, бигу- рехт. Ӯро аз баҳри Сурхи Кофар хоҳам бурдан, ки дило- роми туро низ биёварам.
Ёрух аз гуфтори ӯ хуррам шуд ва офарин кард. Гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, агар берун хоҳӣ рафтан, бе- дор бош ва худро нигоҳ дор, ки Хотуру Қонун ва Кофу- ру Беҳзод ва Размьёру дувист мард андар шаҳр мегар- данд па талаби ту мекунанд ва ба ҷон аз ту нишон ме- ҷӯянд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй бародар, дил форнг дор, ки аз ҳама кас тавон гурехт, вале аз қазо натавон гурехт. Кор на ба мардӣ ва ҷалдии 1 мост, яздон месозад, ки корсоз ӯст. Ту ҳеҷ до- нӣ, ки аҳволи он бандиён дар сарои Сурхи Кофар ба чӣ расид?
Гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, ишонро Тайрок ба қалъаи Дувоздаҳдара бурд.
Самак гуфт:
-- Эй Ёрух, ба қалъаи Дувоздаҳдара равем ва чора кунем, бошад ки ишонро ба зер оварем, чун қалъаи Шоҳаку қалъаи Фалакӣ ситадам.
Ёрух гуфт:
-- Эй паҳлавон, ин қалъа на чун қалъаҳои дигар аст, ки бар сари дара мардумон бошанд ва кӯдаке пин-
1 Ҷалдӣ — чолокӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё