Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хон бар он дара натавонид рафт, магар ошкоро чун касе бар Дувоздаҳдара равад? Қалъа дар миёни дара ниҳода аст ва ба нардбони адим мардумон бар болои қалъа мераванд ва ҳеҷ кас бар он қалъа ҳеҷ ба даст надоранд, магар ба ризон кутвол.

Ёрух ин бигуфт, Самак дилтанг шуд. Гуфт:
— Эй бародар, бошад ки яздон маро роҳе намояд
ва эшонро аз он қалъа наҷот диҳам.

Ин бигуфт ва аз сарой берун омад ва рӯй ба роҳ ниҳод, то ба Бозори Заргарон омад. Бадон мақом расид, ки Сурхи Қофарро дида буд. Нигоҳ кард, шахсе дид нишаста. Самак бо худ гуфт: «Надонам, ки кист».
Дар гӯшае бинистод ва назора мекард. Дигаре биёмад.
Ӯ низ бинишаст. Беҳзоду Размьёрро дид, ки бо қавме биёмаданд. Чун Самак эшонро бидид, донист, ки Хотуру Қонун ва Қофуранд. Гӯш медошт, ки Қонун ҳар қавмеро ба ҷое фиристод. Ба Қофур гуфт:
— Эй Қофур, бархезу бо панҷ мард ба дари сарои шоҳ рав ва нигоҳдорӣ мекун ва зинҳор, ки аз Самак ғофил набошӣ.

Қофур бо панҷ тан бирафт. Самак гуфт: «Кори ман бо Қофур афтодааст». Бар асари эшон мерафт, то бар дари сарои шоҳ расиданд ва бинишастанд. Самак бар гӯшае бинистода ва андеша мекард, ки чӣ кор созад, ки аз он панҷ мард яке бархост ба қазои ҳоҷате ба гӯшае омад. Самак бар паҳлӯ мерафт, то он мард бинишаст, ки обдасте кунад. Самак дар вай ҷаст ва ӯро чунон бигирифт, ки нафас барнатавонист овард. Ҳалқи ӯ бе муҳобо бифишурд ва ӯро бикушт ва ҷома аз тани вай берун кард ва дар худ пӯшид ва сози вай ҳама бар худ рост кард ва силоҳи вай бигирифту дар гӯшае андохт. Биёмад ва баробари эшон бинистод. Бо худ мегуфт ки: «Номи ин мард чӣ бувад?» То замоне буд. Қофур гуфт:
— Саъид куҷо шуд?

Чун номи Саъид шунид, донист, ки он мард Саъид ном буд; густох даромад ва дар паси пушти Қофур биистод.

Гуфт:
— Эй Қофур, бархезу биё, ки марде дар он куҷа истодааст, намедонам, ки кист.

Қофур бархост ва бо Самак меомад, то аз пеши он
ҷаҳор мард фаро пеш омад. Ногоҳ дар вай овехт ва ӯро
бар замин зад ва корд баркашид. Гуфт

пешина
аз 283
навбатӣ