Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак дар сарой шуд. Дасти дарбон бигирифт ва ба худ кашиду бифишурд.
Мард гуфт:
— Фармонбардорам.
Дасти Самак бигирифт ва гуфт:
— Номи ту чист?
Гуфт:
— Маро ном Самак аст.
Он мард гуфт:
— Сурхи Кофарро ту бурдӣ ва ин ҳама кор ту мекунӣ?
Гуфт:
— Бале.
Дарбон хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, бо ман биё.— Ӯро ба хона овард ва дар бикушод ва чаҳордаҳ сандук дид ниҳода пур аз зару ҷавоҳир ва ҷомаҳои алвон. Гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, мард биёвар, то бибарад.
Самаки айёр гуфт:
— Туро чӣ ном аст?
Гуфт:
— Маро Чалдак ном аст.
Гуфт:
— Эй Чалдак, чун ту мӯътамади Сурхи Кофарро шоистӣ, маро низ ҳам шой. Ту нигоҳ дор, то ман ба ту бозрасам, ки ман аз баҳри бандиён омада будам.
Чалдаки дарбон гуфт:
— Ишонро бибурданд.
Самак ба таъҷил аз он сарой берун омад, ки дер вақт буд ва дар сарои пирзан омад ва дар пеши Ёрух ин аҳволро бигуфт, ки чӣ гуна кардам ва чун афтод; яздон чандин кор ба дасти ман баровард.
Ёрух бар вай офарин мекард, ки хуршеди ҷаҳонтоб сар аз даричаи фалак берун овард ва дар карашмае дар ҷаҳон нигарид ва олам равшан шуд. Ғалаба дар шаҳр афтод, ки чаҳор танро ба дари сарои шоҳ овехтаанд ва сари Меҳрони вазирро аз ҳалқаи дари сарои шоҳ овехтаанд.
Қонун чун бишунид, бифармуд, то талаби Кофур карданд, надиданд. Ба дари сарои шоҳ омад, чаҳор тан дид, овехта ва сари Меҳрони вазир аз дари сарои шоҳ овехта. Қонуну дигарон фарёд бароварданд ва хурӯш дар шаҳр афтод. Халқи шаҳр дар хурӯш омаданд ва

пешина
аз 283
навбатӣ