Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар сухан гӯӣ, туро ба қатл орам, манам Самак. Даҳон боз кун.

Кофур аз бими ҷон даҳон боз кард, ки аз Самак тарсида буд. Самак дастори вай бидарид, нима дар даҳони вай оканд ва дасту пои ӯ дарбаст ва биафканд ва бозгашту пеши он чаҳор мард омад ва гуфт:

— Кофур шуморо мехонад.

Як мард бо Самак ҳамроҳ шуд — пиндошт, ки Саъид аст. Ӯро овард то пеши Кофур, дар вай овехт, ӯро низ биафканд. Қисса чист — ҳар чаҳорро ба ҳилат барбаст. Пас як ба якро меовард, аз дари сарои шоҳ меовехт ва Кофурро баргирифт ва ба сарои ду бародари қассобов рафт ва биафканд. Гуфт: «Сари Меҳрони вазирро бардорам ва аз ин уқубат бираҳонам», — ба болини Меҳрони вазир омад ва ӯро дид, ки менолид. Гуфт:

— Эй Меҳрон, андеша мадор, ки туро роҳат омад.

Ӯро бикушод ва сари вай бибурид ва биёварду аз ҳалқаи дари сарои шоҳ биёвехт.

Пас биёмад ва Кофурро дар пеш кардӣ ва болои ҳисор баровард ва ӯро ба каманд фурӯ гузошт ва худ ба зер шуд ва ӯро бикшоду дар пеш кард ва рӯӣ ба лашкаргоҳ ниҳод. Чун ба канораи талоя расид, Сурхи Кофар буд, пеши вай бозомад ва бонг бар вай зад, ки кистӣ?

Самак ӯро бишинохт, гуфт:

— Эй паҳлавон, манам Самак.

Сурхи Кофар гуфт:

— Кист, ки овардай?

Гуфт:

— Кофур аст, хизматгори Қонун. Ӯро бигиру нигоҳ дор, ки ман бозмегардам. Ту ӯро маҳкам дор.

Сурхи Кофар гуфт:

— Ба сарои ман рафтӣ?

Гуфт:

— Нарафтам, ки бандиёнро ба қалъаи Дувоздаҳдара бурдаанд.

Гуфт:

— Бирав ва он сандуқҳоро биёвар.

Гуфт:

— Фармонбардорам. — Ин бигуфт ва ба як лаҳза ба шаҳр бозомад. Гуфт: «Ба дари сарои Сурхи Кофар равам ва бингарам, ки рост мегӯяд ӯ не». — Ба сарои Сурхи Кофар омад ва дастак бар ҳам зад. Дарҳол дар бикушоданд.

пешина
аз 283
навбатӣ