Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Бо тарзи механики гузаштани барангезанда ин орди безараргардонидашудаи гўшту устухон мебошад, ки аз боқимондаҳои масолеҳи сироятёфта тайёр карда шудааст. Дар дохили хоҷагӣ барангезандаро парандаҳои касал ки тухмҳои сироятнок мегузоранд паҳн мекунад ва дар оянда аз онҳо чуҷаҳои касал баромада як қисми онҳо мемиранд, қисми боқимонда сиҳат мешаванд, аммо дар ҳолати болиғи вирусҷудокунанда мемонанд. Бактерияҷудокуни 1-1,5 сол давом карда хоҷагӣ ноустувор боқӣ мемонад.
Сабабҳои иловагии гузаштани касал метавонад хўрока, густариш, об, масолеҳи корӣ барои парандапарварӣ бошанд. Сироятёбии чўҷаҳо метавонад дар вақти баровардани чўҷаҳо аз қасабаҳои чўҷабарорӣ ба амал ояд. Ба паҳншавӣ ва пайдоиши саририи пуллороз аҳамияти муайянеро шароити иқтисодию хоҷагӣ мебозад.
Таъмини наонқадар хуби хурока ба чўҷаҳо, ҳиповитаминоз, хунукзанӣ, кашонидани дарозмуддати онҳо метавонад ба шадидгардии сироятёбии ниҳонӣ ва аланагаи шадиди эпизоотологии пуллороз оварда расонад. Доимӣ нагузаронидани безараргардонии ҷевонҳои чўҷабарор, дастгоҳҳо барои кашонидани чўҷаҳо, гармкунакҳои қасобаҳо барои парвариши чўҷаҳо сабаби паҳншавии касал ва нигоҳ доштани ноустувории пурқуввати эпизоотологӣ бо пуллороз мегардад.

Тавлиди касал.
Барангезанда тавассути узвҳои хўрокҳазмкунӣ ё нафаскашӣ ба хун ворид шуда дар ҷигар, сипурз, гурдаҳо, тухмдонҳо ва дигар узвҳо ҷой гирифта илтиҳоби онҳоро ба амал меорад. Бештар афзоишёбии барангезанда фақат дар роҳҳои меъдаю рўда ба амал омада ба қадри кам ба хун мегузаранд. Миқдори зиёди барангезанда ба узвҳои нафаскашӣ ворид шуда равишҳои тааффуниро ба вуҷуд меорад, ки ин ба пайдоиши заҳрҳои устувор аз тарафи микробҳо сабаб мегардад.

пешина
аз 95
навбатӣ