Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар байни касалиоварии киштҳои гуногун ва сохти заҳрии заҳрҳои дохила алоқаи бевосита вуҷуд дорад. Дар вақти тухмхобонию чўҷабарорӣ аз тухмҳои сироятнок барангезанда зуд афзоиш ёфта, заҳрҳо ҳосил карда ҷанинро нобуд месозад.

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Давраи номаълум гузаштани касал 1-6 рўз буда, пайдоиши нишонаҳои саририи касал аз касалиоварии барангезанда ва синну соли чўҷа вобаста мебошад.
Ҷараёни шадид, камшадид ва бардавоми пуллороз вуҷуд дорад.
Ҷараёни шадиди касал, дар чўҷаҳо баъди 3-7 рўзи қабули онҳо барои парвариш пайдо мешаванд. Дар чўҷаҳои касал бемадори афзоиш ёфта, самти ҳаракаткунӣ вайрон шуда, онҳо бештар пойҳояшонро паҳн гузошта меистанд, чашмҳояшон пўшида, минқорашонро кушода нафас мекашанд.
Нишонаҳои асосии касал ин бесомонӣ дар хўрокҳазмкунӣ, ҷудо кардани ахлоти сафедчаи луобдор, ки парҳоро ширеш карда сўрохии хориҷкунандаро маҳкам мекунад мебошанд. Дар чўҷаҳои аз тухмҳои сироятёфта баровардашуда бемадории умумӣ дида шуда, онҳо хоболуд, хўрокро истеъмол намекунанд, бадани онҳо хуб бо парҳо пушонида нашудаанд, қанотҳояашон ба поён хамида, ахлоти онҳо моеъмонанди рангаш сафедча мегардад. Парҳои атрофи сўрохии хориҷкунанда бо якдигар часпида мебошанд.
Сирояти модарзодӣ бо таври сарирӣ дар муддати 3-5 рўзи аввал, баъдан 10 рўз, баъди баровардани чўҷаҳо, ва дар баъзе чўҷаҳо баъди 15-20 рўз пайдо мегардад. Дар ин ҳолатҳо бесомонӣ дар хўрокҳазмкунӣ, бад будани болу пар, боз доштани афзоиши чўҷаҳо дида мешавад.
Дар мурғҳои болиғи тухмгузор, касал бо тарзи ноаёни сироятӣ пайдо мегардад ва дар давраҳои паст шудани тухмгузорӣ (то 50-60 %), бесомонӣ дар хўрокҳазмкунӣ, кабудшавии тоҷ дида мешавад.

пешина
аз 95
навбатӣ