КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Нишонаи асосии саририи пуллороз дар мурғҳои тухмгузор илтиҳоби талхадон ва меъда инчунин илтиҳоби тухмдон ва найчаҳои он мебошад.
Тағийротҳои ташреҳию амрозӣ.
Дар ҷанинҳои мурдаи пеш аз баромадан зардаи сахти рангаш сабз бо рагҳои хунгузари маълум ба монанди тур пайдо мекунанд. Ҷигар бузургшуда, маҳалҳои Расми 4 фавтидаи нуқта-нуқта пайдо мекунад (расми 4).
Талхадон дарозшуда, заҳра часпак, рангаш сабзи торик мегардад.
Дар чўҷаҳои аз касалии пуллороз дар рўзҳои аввал мурда, ҳамчун қоида пайдо кардани зардаи истифоданашуда Расми 4 гуворост, аслан он дар 5-7 рўзи аввали баъди баровардан ҷабида мешавад. Дар ҳолати пуллороз зарда калон, рангаш сабз, дараҷаи ғизлаташ сахт, ҳатто дар чўҷаҳои синни 20-30 рўза пайдо карда мешавад. Дар ҷигар, шуш, дил манбаъҳои миллиарии фавтида мушоҳида мегарданд.
Пардаҳои луобии рўдаҳо илтиҳоби назлидор, дар сўрохии хориҷкунанда ахлоти зиёди ҷамъшудаи сафедча, дар найчаҳои пешобҷудокунанда намакҳои пешобии турш пайдо мегардад. Нишонаҳои доимӣ, ин бузург шудани ҷигар ва калон шудани талхадон мебошанд.
Дар мурғҳои болиғи аз пуллороз фавтида илтиҳоби ҳубобчаҳо пайдо мегарданд, ки шакли оҷингдор ва тағйирёфта дошта, бо ғилофаи сахт иҳота гашта, бо ранги зарди хокистарранг ё бур монанд мебошад.
Дар ҳолати ҷараёни бардавом дар дил, ҷигар, бофтаҳои мушакҳо манбаъҳои фавтида, илтиҳоби талхадон, меъда ва часпидани рўдаҳо дида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё