КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар парандаҳои касал лангидан, ҳаракатҳои ғайри самтӣ, илтиҳоби зардобии мултаҳима, нафаскашии мушкили хирхиркунанда, бесомонӣ дар хўрокҳазмкун дида мешавад.
Баъзан дар давраҳои алоҳида нишонаҳои касалоти силсилаи марказии асаб пайдо мешавад. Чўҷаҳои мурғобӣ ба як тараф ё ба пушт афтида бо пойҳояшон майли ҳаракат карда меистанд. Агар чўҷаҳо табобат карда нашаванд, он вақт марговарӣ ба 90 % мерасад.
Ҷараёни камшадиди касал 7-14 рўз тул мекашад.
Бесомони дар хўрокҳазмкунӣ, илтиҳоби бандҳо, пойҳо ва қанотҳо мушоҳида шуда, ҷавонаҳо аз афзоиш мемонанд.
Касал дар шакли бардавом кам маълум мегузарад. Дар мурғобиҳои болиғ, мурғобиҳои бактерияҷудокунандаҳо ва гурўҳҳои алоҳида пайдо кардани илтиҳоби сурохии хориҷкунанда мушоҳида мегардад.
Тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Дар ҷанинҳои мурда варамии алантоисӣ дида шуда, баъзан манбаҳои фавтида ва ҳеморагии зиёди узвҳои дарунӣ пайдо карда мешаванд.
Дар чўҷаҳои мурда газаки назлавии пардаҳои луобии рўдаҳо, ғафс шудани деворҳои он, калон шудани фаликулоҳоро пайдо кардан мумкин аст. Баъзан хуншораҳои зиёд ба тамоми дарозии рўдаи борик ва ғафс якҷоя бо куррўда мушоҳида мегардад.
Дар ҷасади мурғобиҳои болиғ калон шудани фаликулаҳои тухмӣ, маҳалҳои фавтида дар пардаҳои луобии рўдаҳо илтиҳоби клоака (клоасит), илтиҳоби ҷигар, илтиҳоби тухмдонро пайдо мекунанд.
Ташхис.
Дар асоси усулҳои муштарак бо ҳисоби нишондодҳои саририю - эпизоотологӣ, тағйиротҳои ташреҳию-амрозӣ ва натиҷаҳои таҳқиқотҳои озмоишӣ гузошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё