КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Ба озмоишгоҳ 3-4 ҷасадро равон мекунанд. Кишти бактериологӣ дар АГП, ПГП ва муҳити ғизоии тафриқавию-ташхиси (агари Эндо-Плоскирова) аз зардаи тухм, ҷагар, талхадон, мағзи сари парандаҳои ҷавон ва фаликулаҳои тағирёфтаи парандоҳои болиғ тайёр карда мешаванд.
Барои ташхиси зардобавии салмонеллёз дар мурғобиҳои болиғ аксуламали ширешшавӣ (АШ), (РЛ) истифода бурда мешавад. Хуни мурғобиҳоро аз раги таги қанот мегиранд. Ин усул барои тахминан санҷидани устувории саршумори модина пеш аз сар шудани ҷамъоварии тухм барои чўҷахобони тавсия дода мешавад.
Ташхиси тафриқи.
Ҳатман истисно кардани ҳепатити сироятӣ (касалоти ҷигар, таҳқиқотҳои вирусологӣ) синусити мурғобиҳо, касалоти роҳҳои болоии нафаскашӣ) ва орнитоз (ҷараёни бардавом, илтиҳоби пардаҳои луобии биннӣ, илтиҳоби мултаҳима, таҳқиқотҳои зардобшиносӣ) зарур аст.
Табобат.
Антибиотикҳо ва маводҳои нитрофурани истифода бурда мешавад. Биомитсин намакҳои турш бо хўрока 15 мг ба чўҷаҳои мурғобӣ 2 маротиба дар як рўз то қатъ шудани касалӣ дода мешавад. Фуразалидон ба хўрока дар меъёри 2-4 мг ба чўҷаи мурғобӣ 3-5 мг ба чўҷаи қоз 2-3 маротиба дар як рўз то пурра сиҳат шудан дода мешаванд.
Бо мқсади пешгирӣ биомитсин ё левомитситин 5-10 мг ба як қабул 2-3 маротиба дар як рўз ба хўрока ба муддати 5-6 рўз дода мешавад.
Ҳасонат.
Баъди аз сар гузаронидани касалӣ дар парандаҳо сироятнопазирии нопок пайдо гашта, устувории он аз шароти нигоҳдори ва хўрокдиҳӣ вобаста мебошад. Дар хоҷагиҳои доимо ноустувор парандаҳои болиғро бо ваксинаи поливалентии муқобили салмонелёз ва колибактериоз ду маротиба бо фосилаи 7-10 рўз 1-2 моҳ то аввали тухмгузорӣ, моякубӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё