КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати пайдоиши салмонеллёз дар хоҷагиҳо монеагӣ гузошта парандаҳои касалро нобуд месозанд.
Парандаҳои шартан солимро ба гурўҳҳои хурд ҷудо карда, антибиотик ё маводҳои нитрофурани медиҳанд.
Монеагӣ аз хоҷагӣ баъди 30 рўзи пас аз барҳам дадани касал гирифта мешавад. Гурўҳи парандаҳое, ки дар байнашон касал вуҷуд дорад, ҳарчи зудтар барои гўшт истифода бурдани онҳо зарур аст.
Микоплазмози (респираторӣ) роҳҳои нафаскашӣ Микоплазмози роҳҳои нафаскашии парандаҳо (Mycoplasmossis respiratoria) касали сирояткунандаи сироятӣ, хосса ба касалии узвҳои нафкашӣ илтиҳоби пардаи луобӣ, харобшавӣ ва кам шудани маҳсулнокӣ мебошад.
Маълумотномаи таърихӣ.
Ин касалро аввалин маротиба Milson ва Jibbs (1936) навишта буданд. Барангезандаи онро дар ИМА (Декоплан ва Стюарт, 1943) муқаррар карда буданд. То соли 1957 касалӣ дар ИМА ва Канада маълум буд. Дар оянда вобаста ба баровардани тухмҳои барои чўҷабарорӣ, чўҷаҳои якрўза ва парандаҳои болиғи касал зуд ба мамлакатҳои гуногун паҳн шуд. То соли 1961 номи алоҳидаи касал вуҷуд надошт. Барои ҳамин сессияи 19- уми умумихалқии эпизоотологӣ қарор баровард, ки номи онро “Микоплазмози роҳҳои нафаскашии парандаҳо” гузоранд.
Барангезанда.
Mycoplasma galliseptica аз зоти Mycoplasma, хосса ба полиморфизм мебошад. Дар молишакҳои аз масолеҳи амрозӣ, микоплазма бо тарзи Р.Гимза ранг кардашуда, шакли кокки полиморфи дорад. Андозаашон аз 0,5 то 1мкм мерасад. Микоплазмаҳо дар муҳити ғизоии Эдвард муддати дароз дар зардаи тухмҳои сироятнок зинда мемонанд.
Микоплазмаҳо ба осони дар халтаи зардаи ҷанинии 9-
10 рўзаи мурғҳо кишт карда мешаванд ва афзоиши онҳоро боз медорад. Дар давраи ҳозира 12 гуруҳи зардобии микоплазмаҳои касалиовар шуморида мешаванд, аммо дар муҳити беруна ҳамчунин киштҳои ғайри касалиовар паҳн шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё