КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Ваксинаро ба таги пўст қисми сеяки болои гардан, дар меъёри 2-3 мл мегузаронанд. Ҷавонаҳоро дар синни 7-10 рўзагиашон моякубӣ мекунанд.
Пешгирӣ ва мубориза.
Барои чўҷабарорӣ, тухмҳои пурқиммати зотиро танҳо аз мурғобиҳои солим истифода мебаранд. Галлаи мурғобиҳои модинаро барои сайру гашт аз ҳисоби 200 сар ба 1 га ҳавзи об ҷой мукунанд. Дар ҳолати майдони сайругашти обии ғайрикофӣ, мурғобиҳо ва қозҳоро ба бино гузаронидан зарур аст. Ҳатман безараргардонии мурғхонаҳо ва майдонҳои сайру гашт бо маҳлули ишқори натри (4%) ё оҳаки хлордор (3%) баъди ворид кардани ҳар як гурўҳ парандаҳо зарур аст. Доимо бо таври системавӣ хояндаҳоро нобуд месозанд.
Тухмҳо барои чўҷабарорӣ ворид шуда, 2-3 дақиқа бо нурҳои ултрабунафши лампаи ПРК-7 ё буғи формалдегид безарар гардонида мешаванд. Баъди баровардани чўҷаҳои мурғобӣ, хўрокдиҳӣ набояд аз 8 соат зиёд боз дошта шавад. Дар хўрокдиҳии аввал додани панир дуғоб доруи АБК ва ПАБК, доруи хунуки атсидофили фоидаовар мебошад.
Пеш аз қабули мурғобичаҳо барои парвариш дастгоҳҳоро таъмири ҷорӣ ва бо таври чуқур коркарди беҳдоштию байторӣ мегузаронанд. Бино бояд хушк карда шуда бошад ва ҳарорати ҳаво аз 280С паст набошад.
Гузаргоҳҳо бо хокаи оҳак на кам аз ду маротиба пошида мешаванд. Барои мурғобиҳо дар рўзҳои аввал тагпарторо то 15-18 см ғафс мекунанд. Ба як гурўҳ мурғобиҳо сину соли гуногунро ҷой кардан маън аст. Ба обанборҳо мурғобиҳоро аз сини 15 рўзагиашон дар ҳолате, ки ҳарорати об аз 170С паст набошад сар медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё