Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Шуш ҳаҷман калон, рангаш сурх ва бо моеи кафкдор пур мешавад. Халтаҳои ҳаводор бо таври дифузӣ ё манбаи осебдида мешаванд, дистрофияи доначадор дар гурдаҳо ва ҷигар дида мешавад. Дар парандаҳои болиғ тухмдон ва найчаи тухмгузар нағз таррақикарда нест, фоликулаҳои тухми фавтида дар найчаи тухмгузар (киста) гушти зиёдати пайдо мекунад. Дар болопардаи тухмдон бештар хуншораҳо, ҷигар хуни ҷамъшуда дошта, қираҳояш кунд мешаванд. Дар ҳолати нишонаҳои нефритию нефрозӣ варамҳо ва хатҳои кундаланг дар гурдаҳо пайдо карда мешаванд.
Найчаҳои пешоброн ба (уротоми) сангҳо пур буда, онҳоро дар пардаҳои зардобии узвҳои даруни пайдо мекунанд. Ҷамъшавии уратҳо ва моеъи алантоисӣ, обварам ва хуншораҳо дар болопардаҳои ҷанин мушоҳида карда мешаванд. Нишонаҳои хосса, ин хуб тараққи накардани ҷанин дар рўзҳои 6-9 уми баъди сироятёбӣ ҳисобида мешаванд.
Дар ҳолати оризаи ба колибактериоз, микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ, аэроскулит, илтиҳоби ғилофаи дил ва зардобпардаи ҷигарро пайдо мекунанд.

Ташхис.
Дар асоси нишонаҳои эпизоотологӣ, сарирӣ ва тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ фақат ташхиси тахминӣ ба касалии илтиҳобӣ сироятии мурғҳо гузоштан мумкин аст.
Аҳамияти ҳалкунандаро гузаронидани таҳқиқоти Расми 8 озмоишӣ, ҷудо кардан ва ҳаммонанд кардани вирус ва пайдо кардани подтанҳои хосса дар озмоиши ҷуфти зардоби хуни парандаҳо дорад (Расми 8).

пешина
аз 95
навбатӣ