КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Барои ҷудо кардан ва ҳаммонанд кардани вирус ҷанини 8-10 рўзаи мурғҳо дар холигии алантоисӣ бо шарбати бофтаҳои аз шуш тайёркардашуда, аз хирной ва найчаҳои шушии аз парандаҳои куштаи касал гирифташуда сироят гузаронида мешаванд. Марги ҷанини сироятгузаронда аслан дар кишт баъди 36-48 соат ба вуҷуд меояд. Якҷоя бо ҷудо кардани вирус ба таври эксперименталӣ пайдо кардани касалро дар 4-6 сар чўҷаҳои сини 10-20 руза, аз хоҷагӣ ба касалии илтиҳобӣ сироятии шуш ба дохили хирной шарбати аз бофтаҳо таёркардашуда ба меъёри 0,5 мл мегузаронанд. Дар ҳолати озмоиши биологии мусбӣ баъди 18-16 соат, дар чуҷаҳо нишонаҳои саририи касал пайдо мегардад. Вируси ҷудокардашударо бо ёрии зардоби имунии хосса дар аксуламалҳои РН, РНГА, РДН ва РНР ҳаммонанд мекунанд. Позотҳои вирусбетарафкунанда дар рўзи 11 то 36-ўм ҷамъ мешавад ва дар зардоби хуни чўҷаҳо то 483 рўз нигоҳ дошта мешавад.
Бо ёрии аксуламали РНГА подтанҳоро дар муддати 187 рўз баъди касалшудан пайдо мекунанд. Аксуламали РДП хусусан барои ташхиси зуди ҳолатҳои шадиди касал мебошад, чунки подтанҳо фақат дар 7-21-ўм рўзи баъди саршавии касал пайдо карда мешаванд. Аммо бо ёри аксуламали РДП подтанҳо ба илтиҳобӣ сироятии найчаҳои шуш дар 10-50% ҳолатҳо пайдо карда мешаванд.
Ташхиси тафриқавӣ.
Ҳатман истисно кардани касалии илтиҳоби сироятии ҳалқу хирной, касалии Нюкасла, чечак, зуком, Касалии Сироятии Халтачаи Махотӣ, Микоплазмози Роҳҳои Нафаскашӣ ва Ҳемофиллёз зарур аст.
Табобат.
Дар илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш кор карда нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё