Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Устуворнокӣ.
Вирус қобилияти ҳаётиашро дар ҳолати 40С 21 рўз, хушккуни дар -700С то 30 рўз нигоҳ дошта, гармкунӣ бо 400С ўро дар 2-6 соат мекушад.

Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Ба касалии сафедхунии мурғҳо, мурғи марҷон, мурғи фиръавн, қозҳо, мурғобиҳо, кабутарҳо, тутиҳо, ва бисёр дигар намуди парандаҳо ҳассосанд. Нисбатан бештар сафедхунӣ дар мурғҳо ба қайд ғирифта мешавад.
Манбаи касал, барангезандаи сафедхунӣ парандаҳои касал ва вирусҷудокунҳои сариран солим мебошанд.
Вирус аз организм бештар бо ахлот ва тухум ҷудо мешавад. Онро аз луоби бини, луоби ғадуди зери меъда ва ҷоғар ҷудо кардан мумкин аст. Чуҷаҳои аз тухмҳои сироятёфта дар 80% ҳолатҳо, дар рўзҳои аввали ҳаёташон ба касалии сафедхунӣ гирифтор мешавад. Ҳассосии баланди зотҳои алоҳидаи мурғҳо ба сафедхунӣ муқарар шудааст. Дар ҳолати сироятёбии чўҷаҳои якрўза бо луоби аз сурохиҳои бинии мурғҳо ва чўҷаҳои касали сафедхунӣ дар муддати 270 рўз баъди сироятёбӣ дар 5-73% ҳолатҳо ба касалии сафедхунӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбии табии парандаҳо бо сафедхунӣ аслан бо роҳи аэрогенӣ дар ҳолати якҷоя нигоҳдории парандаҳои касал ва солим ба амал меояд. Касалшави бо сафедхунӣ нисбатан бештар дар парандаҳои аз 4 моҳа калонтар, ва нисбатан кам чўҷаҳои 2-3 моҳа гирифтор мешаванд.
Хусусан сафедхунӣ бештар дар хоҷагиҳое, ки аҳамияти асосиро ба ҷудокунии яктарафа бо маҳсулнокиашон, беназардошти муқобилноки ба сафедхунӣ ба қайд гирифта мешавад.
Парандаҳои аз хоҷагиҳои зоти овардашуда, дар ҳолати хуроки камғизо хуронидан ва шароити ғайриқаноатбахши нигоҳдори ва инчунин дар ҳолати аз ҳад зиёд хуроки серсафедадор додан ва дароз кардани тартиби равшанӣ, парандаҳо хусусан ба сафедхунӣ ҳассос мегарданд.

пешина
аз 95
навбатӣ