Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Сафедхунӣ
(Лейкоз)
Касалӣ сафедхунии парандаҳо (Leucosis avium)- касалии сирояткунандаи хосса ба касалоти узвҳои хунҳосилкунда ва пайдоиши омосҳои ғайриэластикӣ мебошад.

Маълумтномаи таърихӣ.
Хабарҳои аввал оиди сафедхунии парандаҳо аз тарафи Каприни (1896) сабт шудааст. Муҳити вирусии касалро Эллерман ва Банг (1908) навиштанд. Роус вируси оммосовари саркомаро, ки дар оянда бо номи ў гузошта шуда буд ҷудо кардааст. Дар солҳои оянда, бештар синфбандии аниқи сафедхунӣ, танҳо ба сохти агентии вирусҳо, афзоиши ғайрипластикӣ (P. Riggs, 1963) пешниҳод шудааст. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сафедхунии парандаҳоро И.И. Косяненко, И.М. Беаев, В.П. Зеленский, М.Г. Глазман ва дигарон омўхтаанд.

Барангезанда.
Вируси (РНК) АРН-дор, вируси анкологии зоти oncovirus C, оилаи Retroviridae, ки 5 зергуруҳи зардобии- A, B, C, D, E, андозаи варионҳо 100-400 нм мебошанд.
Барои ҳамонанд кардани вируси сафедхунӣ ду аксуламалро кофал-тест ва озмоиши рифро истифода мебаранд. Мақсади озмоиши РИФ дар он аст, ки вируси сафедхунӣ афзоиши манбаъҳо, гузариш дар фибриобласти ҷанини мурғҳо баъди сироятёбии онҳо ба вируси саркома Раус пешгирӣ мекунанд.
Кофал – тест ба индикатсияи гуруҳи хоссаи позоти вируси сафедхунӣ бо маводи тафтишуда бо ёрии зардоби мусбии маълум асоснок карда шудааст. Вируси сафедхунии парандаҳоро мумкин аст, дар бофтаҳои оммосдори хун инчунин дар тухмҳои парандаҳо пайдо кард.

пешина
аз 95
навбатӣ