КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Ташхиси тафриқавӣ.
Барои ин касалии сил, колигронуломатоз ва касалии
Марекро истисно кардан зарур аст.
Табобат.
Кор карда нашудааст.
Ҳасонат.
Омўхта нашудааст.
Таҳқиқот барои истифодаи позоти гуруҳи хоссаи вируси сафедхунӣ ва киштҳои саҳрои бо касаловарии суст барои моякубикунии парандаҳо гузаронида мешавад.
Пешгири ва чораҳои мубориза.
Ҳатман риоя кардани тартиби кофии нигоҳдорӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак барои баланд бардоштани муқобилнокии парандаҳо зарур аст. Дар ҳолати кашонидани тухумҳо барои чуҷабарорӣ аз дигар хоҷагиҳо бояд шароити эпизоотологии онҳоро бо сафедхунӣ ба назар гирифт. Ҳамаи парандаҳои болиғ ва чуҷаҳо ба хоҷагиҳо воридшударо аз саршумори асоси алоҳида нигоҳ доштан зарур аст. Охирон анҷоман дар бораи устувории парандаҳои овардашуда ба сафедхунӣ дар ҳолати аз онҳо гирифтани насли солим хулоса медиҳанд.
Дар равиши парвариши парандаҳо ҳатман ба таври услубҳои сарирӣ ба сафедхунӣ тафтиш гузаронида мешавад. Ин тафтиш бояд бо тафтиши нақшагӣ дар ҳолати гузаронидани парандаҳо аз як бино ба дигар якҷоя бошад.
Шубҳа ба касалии сафедхунии парандаҳо бо нишонаҳои сарирӣ (орҷингдор, берангии тоҷ, тағйирёбии ранги пардаи чашм, фалаҷи суст ва фалаҷи пурраи пойҳо, ҳаҷман калон шудани ҷигар) бояд аз саршумори асоси алоҳида нигоҳ дошта шуда, кушта шаванд.
Ҳатман гузаронидани тафтиши озмоишӣ бо тафтиши узвҳои дарунии парандаҳо зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё