Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Бо назардошти нишондодҳои эпизоотологӣ, сарирӣ, тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишӣ ва озмоиши биологӣ гузаронида мешавад (расми 13). Расми 13 Озмоиши биологӣ дар чуҷаҳо гузаронида мешавад. Чуҷаҳои 1 рўза, аз подтанҳо озод, ба таги пусташон ё дохили мушакҳояшон бо зардобаи масолеҳи амрозӣ, ки аз парандаи касал гирифта шудааст сироят карда мешавад. Натиҷаи он баъди 3 ҳафта аз рўи мавҷудияти позотҳои хоссаи вирусӣ дар шуш баҳо дода мешаванд.

Озмоиши биологӣ дар ҷанини мурғҳо.
Дар варианти аввал ҷанинҳои 11-12 рўзаи мурғҳо ба пардаи хориоалантоисӣ сироят гузаронида мешаванд. Дар ҳолати озмоиши мусбӣ, биологӣ пустулаҳо-обилачаҳо ва инчунин манбаҳои иртишоҳи пайдо мешаванд.
Дар варианти дуюм ҷанинҳои 4 рўзаи мурғҳо ба халтачаи зардаи он сироят гузаронида мешавад. Дар ҳолати мусбӣ будан дар 30% ҷанинҳои сироятёфта баъди 12-14 рўз дар пардаи хориоалантоисӣ обилачаҳо ба амал меояд.

Озмоиши кишти ҳуҷайра.
Ҳамчунин кишти ҳуҷайра гурдаи ҷанини мурғҳо ё фибробласти ҷанинҳои мурғобиҳо сироят гузаронида мешавад. Вирус тағйиротҳои хоссаи ҳуҷайраҳоро ба амал меорад.
Аз усулҳои зардобии аксуламали РДП барои пайдо кардани аввалин фаликулаҳои позотҳои хосса истифода бурда мешавад ва аксуламали РНГА барои пайдо кардани подтанҳои хосса, ки меъёри баланд (1:128-1:1024) дорад дар 10-13 ҳафта ба даст меояд.

пешина
аз 95
навбатӣ