КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати аз ҳад зиёд паҳн шудани касал тухумҳои барои чуҷабарориро ба фуруш баровардан ва инчунин парвариши чуҷаҳоро муайян мекунанд.
Барқароркунии чуҷабарориро баъди 1 моҳи барҳам додани парандаҳо ва солимгардонии хоҷагӣ дар ҳама звенаҳои технологии истеҳсолот сар мекунанд.
Ҳамаи чўҷаҳоро дар якрўзагиашон моякубӣ мекунанд. Дар ҳолати мавҷудияти ҳолатҳои алоҳидаи касал бе майли зиёд паҳншави бошад чуҷабарориро дар дохили хоҷагӣ баъди 4 маротиба безараргардони бо буғи фармалдегид иҷозат медиҳанд. Безараргардонии болу пар, тухмҳои барои чўҷабарорӣ ва бино бо масолеҳи умумиқабулкардашудаи доругӣ гузаронида мешавад.
Монеъагиро аз хоҷагиҳо дар ҳолати набудани касалии Марек дар парандаҳо озод мекунанд.
Орнитоз (Ornitosis)
Орнитоз (пситокоз) касалии хламидиозии роҳҳои нафаскашии хосса ба бештар сирояткунии пардаи луобии роҳҳои болоии нафаскашӣ ва мултаҳимаи паран - даҳо мебошад.
Маълумотномаи таърихӣ. Расми 14 Аввалин маротиба ин касалро Marange (1895) бо номи «Пситтокоз» навиштааст, ки бо сироятёбии одамон аз тутиҳои касал асоснок карда шудааст. Баъдан ин касал дар дигар намуди парандаҳо пайдо карда шуд, ва Майер (1941) номи нави касалро орнитоз пешниҳод кард.
Барангезандаи Орнитоз муддати дароз хуб омухта нашуда ва синфбанди нашуда буд.
Белсон ва дигарон (1930) аввалин маротиба алоқаи этиологиро байни ҷисмчаҳои базофили дар ҳуҷайраҳо ва пайдоиши пситакозро муқарар кардаанд. Дар соли 1930 Левинтал, Колес ва Лилли барангезандаро пайдо карда, дар бораи он навиштаанд. Даври афзоиши он ба ҷисмчаҳои он имкон дод, ки ўро ба хламидҳо дохил кунанд.
Аз он вақт барангезандаи орнитозро имкони дар 132 намуд парандаҳо пайдо кардан шуд. Ин касал ба таври васеъ дар ҳамма қитъаҳо паҳн шудааст.
Барангезанда.
Сhlamidiae psitaci, ба зоти хламидияҳо дохил мешавад. Ин организмҳои хурди беҳаракати коккмонанд, андозаи онҳо 0,2-1,5 мкм буда қутрашон аз даври афзоиши ҳаёти дохилиҳуҷайраги вобастагӣ дорад. Барангезанда хосса ба пайдоиши (0,2-0,4 мкм) ҷисмчаҳои элементарӣ (шакли сироятӣ) нисбатан дар ҷисмчаҳои калон (0,8- 15мкм) хосс мебошад (паҳлуи ё ғайрисироятӣ, шакли организм), ки баъдан бо тарзи тақсимшави дар дохили ҳуҷайраҳои организми ҳайвон тақсим мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё