КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Илтиҳоби муштараки сироятии ҳалқу хирной Илтиҳоби муштараки сироятии ҳалқу хирной (ИМСҲХ) – Laringo- tracheitis infectiosa касалии сирояткунандаи вирусӣ буда хосса ба илтиҳоби фибринию Расми 16 ҳеморагии луобпардаҳои бини, илтиҳоби хирной, илтиҳоби мултаҳима ва нафасгирӣ мебошад.
Маълумотномаи таърихӣ
Касалӣ аввалин маротиба дар ИМА ба қайд гирифта шуда буд (Мей Тителер, 1925). Аммо илтиҳоби ҳалқу хирнойи парандаҳо ҳоло аз илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш дақиқ тафриқа карда нашудааст. Баъдан фақат (1930) Бигс ва дигарон исбот карданд, ки ин ду касал мустақиланд. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ин касалро аввалин маротиба Р.Т. Батаков (1932) муқарар кардааст.
Барангезанда.
Вируси АРН дор (Herpes virus galli-1), ки ба зоти Herpesvirus оилаи ҳерпесвирусҳо дохил мешавад мебошад.
Андозаи варионҳо 80-100 нм-ро ташкил медиҳад. Вирус дар болопардаи хориоалантоисии ҷанини мурғҳоӣ 9-12 рўза ва дар баъзан киштҳои аввалин ва кишти ҳуҷайраи барои моякубикунӣ кишт карда мешавад.
Дар шароити табии кишти баландкасалиовари вирус бо кишти сустзараровар давр мезанад.
Устуворнокӣ.
Барангезанда дар муҳити беруна наонқадар зиёд мебошад. Маҳлули ишқори натрӣ, креозол, оҳаки хлордор, омехтаи формалкреолини (3:1) дар меъёри 15мл ба 1 м3 ҳавои бино зуд марги вирусро ба амал меорад.(А.А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё