Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Пеш аз ҷобаҷокунии навбатии гуруҳи парандаҳо бино хуб безарар гардонида шуда, хушк карда мешавад. Бино аз парандагон озод на кам аз 10 рўз, дар ҳолати нигоҳдории қасобагӣ ва 14-рўз дар ҳолати нигоҳдории фарши (намнок) нигоҳ дошта мешавад. Як маротиба дар яксол танафусӣ пешгирӣ ба 27- рўз мегузаронанд.
Ҳамарўза ҳавотозакуни ва иқлими хурди мурғхонаро назорат мекунанд. Ғизлатнокии амиак набояд 0,01 мл/л баланд шавад, сулфид 006мг/л, атсиди карбон 0,1% дар ҳолати намнокии нисбӣ бояд на баланд аз 60-70% бошанд.
Дар ҳолати муқарар кардани илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной чорабиниҳои монеъашаванда мегузаронанд.
Дар хоҷагиҳои ноустувор ҳамаи парандаҳои касал ва шубҳанокро мекушанд. Мурғхона ва кушторгоҳҳоро хуб безарар гардонида ба маҳлули то 450С гармкардашудаи ишқори натрӣ, маҳлули 2%-а оҳаки хлордор, ки фаъолнокии хлораш 2% аст, маҳлули содаи калсидори 10% дар ҳолати ҳарораташ 600С истифода бурда мешавад.
Монеъагиро аз хоҷаги баъди 2 моҳи барҳам додани илтиҳобӣ муштараки ҳалқу хирной ва гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ мегиранд.

пешина
аз 95
навбатӣ