КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Паранда дар ҳолати бағоят беҳоли мемирад. Дар 4-5 рўзи саршави ба алангаи касал ҳамаи парандаҳои гурўҳи касал дар ҳаракат мебошанд.
Тағийротҳои ташреҳию амрозӣ.
Хуншораҳои зиёди нуқтануқта ва рах-рахро пайдо кардан мумкин аст. Бештар дар таги пўстӣ рон: мушакҳо хира ё тира мегарданд. Халтаи Расми 17 фибритсавӣ бисёр калон шуда дар он рахҳои желатин монанд пайдо мешаванд. Дар қадшавии халтачаи фибритсавӣ гузариши фибрини вуҷуд дорад.
Варами ҷигар, манбаҳои некрозшуда пажмурдашавии сипурз мушоҳида мешавад. Дар давраи ниҳоии касал варами гурдаҳо шахшурдашави халтачаи фабритсави пайдо мегардад. Бештар тағийротҳои ҳистологии хосса, ин фавтидани элементҳои лимфоиди халтаи фабритсавӣ, ғадуди душохашакл (тимус), сипурз, пайвастагии мансуби рўдаи тихигоҳии ва куррўда мебошанд.
Ташхис.
Дар асоси нишондодҳои эпизоотологӣ, нишонаҳои сарири, тағийротҳои ташреҳию амрозӣ мумкин аст шубҳа ба ин касалро пайдо кард. Барои ташхиси охирон таҳқиқоти ҳистологӣ ва озмоиши биологӣ бо роҳи сирояткунии ҷанини 9-рўзаи мурғҳо ба мембрана пардаи хориоалантоис мегузаранд. Ҷанинҳо дар муддати 3-5 рўз баъди сироятгузарони мемиранд. Вирус дар аксуламали АБ (РН) ва РДП ҳаммонад карда мешаванд.
Тафриқаи ташхис.
Коксиидиоз ва заҳролуди энсефоломиелияви хўрокагӣ истисно бояд карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё