Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Устуворӣ.
Вирус ба эфир муқобилиятнок мебошад ва дар муҳити ҳидрогении (РН) 2,0 ба трипсин ҳассос мебошад. Вирус дар бино ва ахлот ба муддати 52-рўз нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолати 560С дар муддати 1-соат намемирад.
Маҳлули хлорамин (0,5%), вирусро дар 10-дақиқа, фармалдегид (0,5%) дар 5 соат маҳв месозад.
Нишондодҳои эпизоотологӣ.
Ба барангезанда мурғҳои ҳама сину сол ва хусусан зоти гўшти дар сини 2-11 ҳафтаги ҳассосанд. Дар мурғҳои болиғ касали бе нишона мегузарад. Манбаи барангезандаи сироят чўҷаҳои касал, ки вирусро ба ахлоташон ҷудо мекунанд, мебошанд.
Газаки халтачаи махотӣ бисёр шадид сирояткунанда, дар ҳолати ҷоба-ҷокуни парандаҳо мебошад. Чўҷаҳо бо воситаи хўроки сироятёфта ва об сироят меёбанд. Роҳи сироятёбӣ бо воситаи тухми сироятнок имкон дорад. Дар гузариши барангезанда нақши махсусро масолеҳи сироятёфтаи ёрирасон, дастгоҳҳо, либос ва шахсони хизматрасон мебозанд. Имкони паҳншавии вирус бо воситаи ҳаво исбот шудааст. Манбаи барангезанда метавонад қундузҳои сиёҳ бошанд (Alphitolius diaperinia).
Дар манбаҳои тозаи нави эпизотоологӣ касал ба таври шадид, камшадид, бардавом ва бе нишона мегузарад. Дар хоҷагӣ дар байни парандаҳо аслан моякубии зерсирояти ба қайд гирифта мешавад.
Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Тавсифи касал омўхта нашудааст.
Кишти баландсирояти вирус аз халтачаи фибритсави ҷудокардашуда баъди 12-соат, ба касал меоварад, ки баъди 24-36 соат бо марги паранда анҷом меёбад. Касалӣ ба ларзиши бадан ва нишонаҳои касалии силсилаи маркази асаб сар мешавад. Паранда хусусияти ҳаракаткуниро гум мекунад. Дар оянда дағал шудани болу пар, бесомонӣ дар хўрокҳазмкунӣ пайдо мешавад. Ахлот луобдори обдор рангаш сафед мебошад.

пешина
аз 95
навбатӣ