Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Пайдоиши касал ҳангоми аз ҳад зиёд нигоҳ доштани мурғобичаҳо дар биноҳои намнок дар ҳарорати паст парваришкунӣ, меъёри хўрокаи камғизо ба вуҷуд меорад.
Бисёр хоҷагиҳои мурғобипарварӣ усули интенсивии нигоҳдории мурғобичаҳоро бе обанбор истифода мебаранд. Ҳангоми риоя накардани тартиби ҳарорат, парвариши мурғобичаҳо дар фасли тобистон дар мурғхонаҳои гарм гузаронида шавад, дар ҳолати яку якбора хунук шудани ҳаво эпизоотияи касалӣ метавонад 90% мурғобичаҳоро дар бар гирад. Бештар оризаи касал дар мурғобичаҳои рўзҳои аввали ҳаёташон мегузарад.
Марговари метавонад аз 40 то ба 80% расад.
Тавлиди касал.
Афзоиши касал бо тарзи оддӣ, сирояти роҳҳои нафаскашӣ мегузарад. Вирус дар шуш дар пардаҳои луобии хирной, бағалҳои бини ва роҳҳои сурохҳои бини ҷойгир шуда, газаки фибринии назлиро ба вуҷуд меоварад.
Ҷраён ва нишонаҳои касал.
Баъди 5-10 рўзи номаълум гузаштани касал нишонаҳои асосии саририи касал, атсазании зуд-зуди мурғоби-Расми 19 ҳо, илтиҳоби пардаҳои луобии бини ва мултаҳима пайдо мегарданд.
Дар ҳолати зер кардан ба минқор аз сурохиҳои бини рашҳаи ширешмонанд ҷудо мешавад. Мурғобиҳои касал бо минқори кушода нафас мегиранд. Пур шудани рашҳа ба бағалҳои таги чашм ба тағирёбии шакли сари мурғобиҳо оварда мерасонад. Дар ҳолати ҷараёни шадид, рагкашӣ яку-якбора хуруҷ карда мурғоби мемирад.
Дарозмуддатии касал 1-3 рўзро дар бар мегирад.
Ҷараёни бардавомии касал бо харобшавӣ, баъзан ба аз ҳад зиёд лоғаршавии парандаҳо меоварад. Касалӣ аз 5- рўз то 2-моҳ давом карда якхела афзоишёбии мурғобиҳо дар гуруҳ мушоҳида мегардад.

пешина
аз 95
навбатӣ