Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар ҳолати сирояти такрорӣ нишонаҳои сарири гуногунанд. Камҳаракатӣ, бемадори, мушкили дар ҳаракат, рагкашии бе хоҳиш, кашидани сар пайдо мегардад.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Ҷасади мурғоби хароб буда парҳои болои сар бо рашҳа олуда мешаванд. Пилки чашмҳо хуншорадор буда ба миқдори панирмонанд луоби Расми 20 фибриндор пушонида мешаванд. Аз холигии сурохиҳои бини ба бағалҳои он рашҳаи ширешмонанд мерезад. Халтачаҳои ҳаводор газакдор буда деворҳои он ғафсшуда тираранг мебошанд.
Дар ҳолати ҷараёни камшадид ва бардавом дар деворҳои халтаҳои ҳаводори қафаси сина пардаи фибриндор ба амал меояд. Ҷигар ҳаҷман калон, болои он бо пардаи фибриндор пушонида шуда узвҳои лаҳм вайроншуда мебошанд.
Ташхис.
Дар ҳолати гузоштани ташхис ҳатман ба назар гирифтани нишондодҳои эпизоотологӣ, сарирӣ, ташреҳию амрозӣ ва инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишӣ бо илова кардани озмоиши биологӣ ба чуҷаҳои ҳассосро бояд ба назар гирифт. Онҳоро ба холигии таги чашм сироят мегузаронанд. Дар ҳолати озмоиши биологии мусбӣ дар мурғобичаҳо баъди 5-7 рўз нишонаҳои саририи касал ба амал меояд. Дар ҳолати гузоштани ташхис, ҳатман гузаронидани таҳқиқоти бактериологӣ барои ҷудокуни ва ҳаммонандкунии барангезандаҳои шартан касалиовар зарур аст.

пешина
аз 95
навбатӣ