Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Стафилаккокҳо дар ҳарорати 700С зиёда аз 1 соат ва ҳангоми ҷушонидан дарҳол маҳв мегарданд. Маҳлули 50%-и фенол онҳоро дар муддати 15-
30 дақиқа маҳв месозад. Бо рангҳои анилини, нисбат ба ранги сабзи брилианти бисёр ҳассос мебошанд. Онҳо ба маводҳои зидди бактерияви муқобилятнокии баланд дошта 70-80%-ашон ба 4-5 маводи доругӣ баробар устувор мебошанд. Муқобилиятнокии стафилаккокҳо нисбат ба антибиотикҳои гуруҳи микролидӣ (эритромитсин, олеандомитсин ва ғ.) бештар ба қайд гирифта шудааст.
Нишонаҳои касал.
Касалӣ асосан ҳангоми осеб гирифтани парандаҳо ба амал меояд. Давраи ниҳони гузаштани касал аз 20 соат то якчанд шабонарузро ташкил медиҳад. Дар мурғҳои касал таафун, дерматит, илтиҳоби пайҳо ва буғумҳо мушоҳида мегардад. Дар мурғобиҳо ва ғозҳо полиартрит, остит, остиомиелит, тенденит, фалаҷи қисми қафо (паралич канечностей), вайроншавии функсияи рудаҳо, ва ташнагии зиёд мушоҳида мегардад. Ҳангоми шадид гузаштани касалӣ (баъди 2-6 рўз), марги чуҷаҳои 3-10 рўза бо нишонаҳои септисемия ва токсемия ба назар мерасад. Дар чуҷаҳои калонтар рўҳафтодагӣ ва дарунравӣ мушоҳида мегардад. Дар мурғҳо ҳангоми ҷараёни зершадид ва музмини касал илтиҳоби буғумҳо, қисми охир, пуст ва бофтаҳои сар (ҳангоми сироятёбӣ бо роҳҳои нафас) мушоҳида карда мешавад. Дар баъзе мавзеъҳои бадан везикулаҳои моеъдори ранги қаҳрабодошта (янтарного цвета), мушоҳида гашта ҳангоми инкишофи бемори кафида, карахшиҳо, ки дар вақти кандан эрозияҳои намноки ранги торики-сурхчатобро ба вуҷуд меоранд, пайдо мегарданд. Инкишофи гангренаҳо дар қанотҳо оммоси хунини пешинаро ба вуҷуд меоранд. Инчунин девори шикам, рон ва клоакаи мурғҳо осеб мебинанд.
Ҳаногми сироятёбӣ бо роҳҳои нафас дар мурғҳо илтиҳоби бофтаҳои синусҳо, гушвораҳо, фазои байни ҷоғҳо, баъзан қисми болоии сеюми гардан мушоҳида мегардад.

пешина
аз 95
навбатӣ