Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Касалӣ 25-30 рўз давом карда, варамиҳои сар дар муддати 8-10 рўз нест мешаванд. Ҳангоми ба шакли музмини гузаштани касалӣ, суст шудани иштиҳо, қатъ гаштани тухмгузорӣ ва харобшавӣ мушоҳида гашта касали то 2-3 ҳафта давом карда бештар бо марг анҷом меёбад. Парандаҳои сиҳатшуда худашонро дуруст нигоҳ дошта натавониста муддати дароз меланганд.
Ташхис.
Ташхис маҷмуан дар асоси нишонаҳои сарирӣ, маълумотҳои эпизоотологӣ, дигаргуниҳои ташреҳию амрозӣ (калоншавии ҷигар, илтиҳоби шадиди шуш ё варами шуш, полиартрити серозӣ ё фибринозӣ, хуншораҳо дар пардаҳои серозӣ, мавҷудияти варамиҳои фасоддор дар шуш ва гурдаҳо) ва натиҷаи тадқиқоти озмоишгоҳи гузаронида мешавад. Ташхиси бактериологии стафилаккокози парандаҳо дар асоси ҷудо кардани култураи тоза аз хун ё узвҳои паренхиматозӣ ва буғумҳои осебдида, инчунин муайян намудани дараҷаи касалиоварии стафилаккокҳо бо роҳи муайянсозии алфа ва бета гемолизинҳо, плазмокоагулазҳо, ва дермонекротоксинҳо гузошта мешавад.
Ташхиси тафриқавӣ.
Пастереллёз, пулороз, перозиси мурғҳои марҷон ва дерматити аз тиамин пайдо шаванда истисно карда мешаванд.
Табобат.
Коркард нашудааст.
Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Парандаҳои касал ва ба касалӣ шубҳанок соқит карда шуда, кушта мешаванд. Хурокаи парандаҳо барои муайянсозии стафилаккокҳои касалиовар санҷида шуда, дар сурати натиҷаи мусбӣ додан аз вояи хўрокӣ парандаҳо гирифта мешаванд.
Дар мурғхонаҳо дезинфексияи аерозолӣ бо мавҷудияти мурғҳо, дар дохили он бо маҳлули кислотаи ширӣ, резортсин ё триэтиленгликол, инчунин 40%-а маҳлули фармалдегид дар таносубӣ 10-15 мл фармалдегид дар 1м3 дар ҳолати на паст аз 150С будани ҳарорат, ва 65% будани намнокӣ, дар фосилаи 6 соат гузаронида мешавад.
Тагандоз ва поруи парандаҳо безарар карда мешаванд.
Чуҷаҳо ҳангоми ба берун баровардан бо антибиотикҳои ба стафилаккокҳо таъсирбахш неомицин ё бензилпенитсилин коркард карда мешаванд.

пешина
аз 95