Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳозирини мўҳтарам!

Худатон қазоват кунед. Ифротиён дар охири асри ХХ, ки онро асри атом номидаанд ва дар остонаи садсолаи XXI, ки инсоният ба зинаи нави тараққиёт ворид мешавад, мекўшанд занонро аз оддитарин ҳуқуқҳояшон маҳрум намоянд.
Дар замоне, ки дигар миллатҳо ва кишварҳо барои инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ ва касбии мардуми худ рўз аз рўз имкониятҳои васеътар фароҳам меоранд, қувваҳои ифротӣ мехоҳанд занонро аз таҳсил ва кор маҳрум карда, дар байни чор девори хона нигоҳ доранд.
Онҳоро аз тамошои телевизион, шунидани радио ва мусиқӣ, пўшидани либоси замонавӣ бебаҳра созанд.
Ин қувваҳо набояд фаромўш кунанд, ки агар занҳо нахоҳанд, ҳеҷ кас онҳоро маҷбуран гирифтори ин гуна маҳрумияту маҳдудиятҳо карда наметавонад.
Бояд таъкид кард, ки режими сиёсии исломӣ, ки як гурўҳ даъвогари бунёди он дар Тоҷикистон ҳастанд, дар навбати аввал ҳуқуқу озодиҳои занону духтаронро поймол месозад. Вале ман итминони комил дорам, ки агар занон нахоҳанд, ягон қувваи сиёсӣ қодир нест, ки сохти дунявию демократии давлати моро тағйир диҳад.
Зеро модарону хоҳарони мо узви комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлоли дунявӣ буда, беш аз 52 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Магар он қадар муборизаву ҷонфишониҳои зани тоҷик дар солҳои бистуму сиюм ва баъди он, ки дар боло гуфтам, ба хотири чунин рўз буд?!
Ба чунин гурўҳҳо ва қувваҳое, ки майли дар чорчўбаи танги ақибмондагӣ нигоҳ доштани занонро доранд, хотирнишон бояд кард, ки Тоҷикистон ҳанўз 27 декабри соли 1993 аз байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин шуда Созишномаи барҳам додани ҳама гуна маҳдудияти ҳуқуқи занонро имзо кард.

пешина
аз 127
навбатӣ