ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кўшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рўҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Занону модарони мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромўш кунанд, ки сарзамини мо гаҳвораи забони нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ-форсӣ ва оғозгоҳи шеъри оламшумули султони шоирон устод Рўдакӣ аст.
Ҳукумати Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, соли 2008-ро Соли забони тоҷикӣ эълон кардааст, ки 1150-солагии поягузори адабиёти оламшумули тоҷику форс – устод Рўдакӣ низ дар доираи ҳамин сол таҷлил мегардад.
Мақсад аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва таҷлили ҷашни қофиласолори шеър устод Рўдакӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки мардуми кишвар бо эҳсоси гарми миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ асолати забони шаҳдбори тоҷикиро нигоҳ доранд, барои рушду густариш ёфтан ва фарогир шудани он ҳамеша талош намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё