ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Имрўз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Ҳоло беш аз панҷоҳ фоизи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф ва хизматрасонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади тарбияи кадрҳо ҳамасола аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар асоси квотаи президентӣ зиёда аз шаш ҳазор ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, аллакай қисме аз онҳо соҳиби маълумоти олии касбӣ гардиданд ва ба мардуми диёри худ хизмат карда истодаанд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии занон, аз ҷумла бо мақсади густариши фаъолияти соҳибкории онҳо шароити мусоид ва заминаи зарурии ҳуқуқиро муҳайё кардааст.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст. Ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад. Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмўъ ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад ва дигар ин, ки фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта пеш аз ҳама эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ба қадри Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои волои миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.
Ва табиист, ки ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақдири ояндаи он бевосита аз фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё